Дар як сатр
Президент: «Ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯи нави молҳои ивазкунандаи воридот бояд ноил шавем»
11:4120 январ

Президент: «Ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯи нави молҳои ивазкунандаи воридот бояд ноил шавем»

Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди тиҷоратӣ шинохта шудааст. Бо вуҷуди ин, дар фаъолияти иқтисодии берунаи мо, бинобар номутавозин будани истеҳсоли ватанӣ ҳиссаи воридот нисбат ба содирот то ба ҳол зиёд аст. Ин нуктаро имрӯз, 20 январ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.

Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»
11:1920 январ

Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ҷаласаи Кумитаи тадорукоти вилоятӣ оид ба омодагӣ ба баргузории Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи минтақавии молу маҳсулоти «Хатлон-2016» баргузор гардид.

Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, дастовардҳои Хатлон зиёданд
09:5519 январ

Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, дастовардҳои Хатлон зиёданд

Дар нишасти хабарии раиси вилояти Хатлон беш аз 20 хабарнигор аз расонаҳои хабарии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзиданд. Тӯли 1,5 соат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қариб ба 15 саволи журналистон посух дод. Саволи хабарнигорон ба масъалаҳои рушди кишоварзӣ, таъмини амнияти марзҳои давлатӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба зимистон, баҳсҳо атрофи масоили ҳиссаҷудокунии маблағ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва идомаи бунёди беморхонаи қалб дар маркази шаҳр, аз дотатсияи давлатӣ баромадани шаҳри Норак ва ноҳияи Ховалинг дар соли 2016 марбут буд.

Барномаи нави рушд  - дар амал
14:4215 январ

Барномаи нави рушд - дар амал

Сар аз 1 январи соли нави 2016 дар шаҳри Қӯрғонтеппа «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Қӯрғонтеппа барои солҳои 2016-2020» мавриди амал қарор гирифт.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт
13:5411 январ

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Ҷаласаи марбут ба ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2015 доир гардид. Дар ҷамъомад муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, дастгоҳи раиси вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)
08:1518 декабр

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)

15 декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа Меҳргон - яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинаҷод, ки маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё шуд, бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар хиёбони Ваҳдати шаҳр намояндагони ҳамаи 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, инчунин идораҳои кишоварзию ҳифзи муҳити зисти вилоят беҳтарин намунаҳои маводи кишоварзӣ ва маҳсулоти дар корхонаҳои истеҳсолӣ тавлидгаштаи худро манзури тамошогарон намуданд.

Шиносоии ҳайати чинӣ аз минтақаи озоди иқтисодии
13:4813 декабр

Шиносоии ҳайати чинӣ аз минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"

Бо мақсади мустаҳкам кардани ҳамкориҳо гурӯҳе аз намояндагони маъмурияти департамент оид ба тиҷорати музофоти Гансу, роҳбарони корхонаҳои соҳаи металургияи ранга, дорусозӣ, истеҳсоли маводи кишоварзӣ, ширкатҳои тиҷоратӣ ва ғайра аз Ҷумҳурии мардуми Чин, ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд.

29,1 млн юан барои ободонӣ
15:0626 ноябр

29,1 млн юан барои ободонӣ

Барои иҷрои лоиҳаҳои сохтмонӣ-таъмирӣ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб дар се марҳила 270 миллион юани чинӣ маблағи бебозгашт ихтисос дода мешавад.

Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!
11:1925 ноябр

Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корхонаҳои давлатии зертобеи ин вазорат ва литсейҳои касбии вилояти Хатлонро ташвишовар арзёбӣ намуда, саривақт пардохт нашудани музди меҳнати кормандонро нишонаи бемасъулиятии баъзе роҳбарони идораю муассисаҳои шаҳру навоҳӣ хонд.

Огоҳкунии қаблӣ хатарро пешгирӣ мекунад
08:0820 ноябр

Огоҳкунии қаблӣ хатарро пешгирӣ мекунад

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Системаи минтақавии мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ бо иштироки Чарлз Келли, мушовири Барномаи рушди СММ оид ба коҳиши хатарҳои ҳолатҳои фавқулода ва барқарорсозӣ дар Тоҷикистон доир гардид.

Афзоиши истеҳсоли тило
08:2119 ноябр

Афзоиши истеҳсоли тило

Тибқи иттиллои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, соли гузашта дар кишвар 3,4 тонна тилло истеҳсол гардид. Ҳудуди 70 дарсади тиллои истеҳсоли кишвар дар дохил, аз ҷумла аз ҷониби Бонки миллӣ харида шудааст.

Ҳамкорӣ то соли 2020
12:5318 ноябр

Ҳамкорӣ то соли 2020

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, намояндагони Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои  СУС ҳамкориҳои бисёрҷонибаро ба роҳ мемонад
09:4118 ноябр

Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СУС ҳамкориҳои бисёрҷонибаро ба роҳ мемонад

Дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бо дастгирии бевоситаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.