Дар як сатр
Муҳлати даъвои 36,7 миллион сомонӣ «қарзҳои беэътимод» гузаштааст
15:3004 феврал

Муҳлати даъвои 36,7 миллион сомонӣ «қарзҳои беэътимод» гузаштааст

- Дар вилоят соли 2016 нақшаи ду намуди андоз таъмин нагардид, - хабар дод Хайриддин Наҷмиддинов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, - андоз аз даромад 5% (10 миллион сомонӣ) ва андоз аз арзиши иловашуда 2% (3,5 миллион сомонӣ).

102 ҳолати вайрон намудани кодекси меҳнат
09:4226 январ

102 ҳолати вайрон намудани кодекси меҳнат

Бо мақсади таъмини бехатарии меҳнат аз ҷониби нозирони меҳнати Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар корхонаву муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ, новобаста аз шакли моликияташон санҷиш гузаронида, 677 қоидавайрокунӣ ба қайд гирифта, нисбати 301 нафар роҳбарони корхонаву муассисаҳо амрнома дода шуд, ки аз он 102 ҳодисаи вайрон намудани ҳифзи меҳнат ошкор гарди

Д. Гулмаҳмадзода: «Хизмати шумо - кормандони ВАО дар бозтоби дастовардҳои вилоят назаррас аст»
13:0510 январ

Д. Гулмаҳмадзода: «Хизмати шумо - кормандони ВАО дар бозтоби дастовардҳои вилоят назаррас аст»

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода нишасти навбатии матбуотиашро бо изҳори сипос аз кормандони васоити ахбори омма барои иштироки фаъолонаашон дар бозтоби дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, бахусус дар инъикоси муҳиммияти баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, аз ҷумла ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят баргузор гардид, ифтитоҳ намуд.

Муовини вазир: Ҷавоне, ки иқтисодиётро меомӯзад, соҳибкори муваффақ мешавад
10:4130 август

Муовини вазир: Ҷавоне, ки иқтисодиётро меомӯзад, соҳибкори муваффақ мешавад

Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки рушди иқтисодиёт омили муҳими пешрафти давлат ва беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад. «Ҷавоне, ки аз асосҳои иқтисодиёт бохабар асту ба он майл дорад, дар зиндагӣ ва рӯзгораш муваффақ мешавад ва ӯ соҳибкори хуб мебарояд»,- гуфт муовини вазир.

Афзоиши содироти мева
17:0912 май

Афзоиши содироти мева

Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Данғара азм кардаанд, ки соли ҷорӣ вобаста ба нақшаи дурнамо 2300 тонна маҳсулоти кишоварзиро содирот намоянд.

Эълони озмун ҷиҳати дарёфти грантҳои раиси вилоят барои бонувони соҳибкор
15:5006 май

Эълони озмун ҷиҳати дарёфти грантҳои раиси вилоят барои бонувони соҳибкор

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлонро эълон намудааст.

Саҳлангорӣ дар корҳои роҳсозӣ
16:1105 май

Саҳлангорӣ дар корҳои роҳсозӣ

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдид ва навсозии қитъаи Шӯрообод-Шоҳони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, ҳолати корҳо дар ин иншоотро нигаронкунанда арзёбӣ кард.

Ифтитоҳи истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангин дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон
14:2427 апрел

Ифтитоҳи истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангин дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш Истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангинро ифтитоҳ кард.

Ба истифода додани дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-и НБО-и Норак
11:0527 апрел

Ба истифода додани дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-и НБО-и Норак

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии Норак ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Пешвои миллат: Ёвон имсол ба яке аз марказҳои калонтарини саноатии кишварамон табдил меёбад
15:4022 апрел

Пешвои миллат: Ёвон имсол ба яке аз марказҳои калонтарини саноатии кишварамон табдил меёбад

Дар давоми соли ҷорӣ ва соли 2017 дар ноҳияи Ёвон бо истифода аз технологияҳои ҳозиразамон ба фаъолият шурӯъ намудани боз як қатор корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли семент, криолит ва кислотаи сулфат пешбинӣ шудааст.

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал дар ноҳияи Ёвон
15:2822 апрел

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал дар ноҳияи Ёвон

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, барои сохтмони ин ду корхона аз ҳисоби сармояи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ғаюр 150 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Иқтидори солонаи корхонаи рангҳои эмулсионӣ 15 ҳазор тонна ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти гарминигоҳдорӣ 170 ҳазор метри мукааб мебошад. Соҳибкор уҳдадор шуд, ки корхонаҳоро босифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот то соли 2018 бунёд намояд.