Дар як сатр
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз
08:5324 апрел

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз

Дар оянда соҳибкорони камдаромад, ки ба фаъолияти фурӯши гиёҳҳои шифобахш, дӯғоб, ғулингоб, чой ва донаи офтобпраст дар кӯча, фурӯши рӯзномаҳо, маҷалла ва тақвиму китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда, чаронидани чорво, таъмиру тоза кардани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, хизматрасонии телефонии кӯчагӣ, кашонидани бор ба воситаи ароба дар кӯча ва бозорҳо, шустушӯйи воситаҳои нақлиёт дар кӯча ба ғайр аз ҷойҳои махсусгардонидашуда, қабрканҳо, дар деҳотҷойҳо амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда (пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ, абрешимӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ), ҳамчунин, дар деҳотҷойҳо ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ (дӯзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарию кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ ва наққошӣ) мавриди андозбандӣ қарор намегиранд.

Ироаи кумак ба Шуғнон
09:2918 апрел

Ироаи кумак ба Шуғнон

Бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷиҳати пешгирии талафёбии чорво барои сокинони деҳоти дурдасти Шуғнони ВМКБ, ки аз тӯлонӣ омадани зимистони имсола захираи хӯроки чорворо ба охир расонданд, аз ноҳияҳои Ёвону Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ему алаф фиристода шуд.

Д. Гулмаҳмадзода: «Моро мебояд ҷиҳати рушди иқтисод ва ободонии маҳал дучанд заҳмат кашем»
16:0913 апрел

Д. Гулмаҳмадзода: «Моро мебояд ҷиҳати рушди иқтисод ва ободонии маҳал дучанд заҳмат кашем»

Натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017 мусбат арзёбӣ мешаванд, аммо захираҳои истифоданашуда дар шаҳру навоҳии вилоят ҳанӯз зиёд буда, барои ислоҳи камбудию норасоиҳо масъулон бояд часпу талоши бештар ба харҷ диҳанд. Ин таъкиди раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи вилоят дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ садо дод.

Ҷаласаи мазкур 12 апрел дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони шуъбаю бахшҳои маориф, кишоварзӣ, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва фаъолони вилоят доир гардид.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Истеҳсоли либоси мактабиро дар корхонаҳои саноатии вилоят ба роҳ монем»
11:5505 апрел

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Истеҳсоли либоси мактабиро дар корхонаҳои саноатии вилоят ба роҳ монем»

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Иҷлосияи 9-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум доир гардид. Иҷлосияро раиси маҷлиси вакилони халқи вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи иҷлосия шинос намуд.

Соҳибкорон нерӯи бузурганд
10:3003 апрел

Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои рушди соҳибкорӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

Таҳияи «Роҳнамои сармоягузор»
10:1703 апрел

Таҳияи «Роҳнамои сармоягузор»

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа маросими муаррифии “Роҳнамои сармоягузори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон-2017” баргузор гардид.

Ҳифзи қурби пули миллӣ ҳифзи Ватан аст
14:3027 март

Ҳифзи қурби пули миллӣ ҳифзи Ватан аст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба муносибати ислоҳоти пулии кишвар қайд карда буданд, ки «Пули миллӣ боигарӣ, сарвати миллӣ ва обрӯю эътибори миллат аст. Бинобар ин, таъмини гардиши озодонаи он, ҳифзи қурб ва қобилияти мубодилавии пули миллӣ қарзи ҳамаи мо дар назди Ватан мебошад».

Истеъмолкунандагон оё ҳуқуқҳои худро медонанд?
09:5816 март

Истеъмолкунандагон оё ҳуқуқҳои худро медонанд?

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба ҳимояи ҳуқуи истеъмолкунандагон дар якҷоягӣ бо намояндагони Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои вилоят, Маркази давлатии нозироти санитарию эпидемиологии вилоят ва намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамчунин дар донишгоҳҳо, гимназияҳо, литсейҳо, бозорҳо ва маркази хизматрасониҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон семинар -вохӯриҳо гузаронида шуд.

Достони марде, ки чарогоҳро ба боғистон табдил дод
09:4816 март

Достони марде, ки чарогоҳро ба боғистон табдил дод

Агар воқеан дар қалби ҳама нияту мақсадҳои нек ҷо дошта бошад…
Агар ҳама бо муҳаббати хоса ба Ватан ҳар субҳро оғоз кунад…
Агар бо як шиор, ки «мақсад номи нек гузоштан аст», ҳар инсон зиндагӣ бикунад…
Агар аз заҳмат кашидан ҳар инсон наҳаросад…
Пас, биёбонеро ба боғистон табдил додан низ кори имконнопазир нахоҳад буд.

Қарзҳои андоз - қиссаи дароз
16:4724 феврал

Қарзҳои андоз - қиссаи дароз

Масъалаи бақияи қарзи андозҳо дар вилояти Хатлон мушкилотест, ки то ҳанӯз ҳаллу фасли худро наёфтааст. Мутахассисони соҳаи андоз дар ин самт пайваста чораҷӯйӣ намоянд ҳам, мутаассифона, дар ин росто ҳанӯз тағйироти чашмрасе ба назар намерасад. Ҳатто онҳо дар як сатҳ қарор нагирифта, давра ба давра меафзоянд. Масалан, ба 1 январи соли 2016 бақияпулиҳои қарзи андоз дар вилоят 138 миллиону 568 ҳазору 980 сомониро ташкил медоданд. То 1 январи соли 2017 бошад, онҳо рӯ ба афзоиш оварда, ҳоло 177 миллиону 991 ҳазору 797 сомониро ташкил медиҳанд. Яъне фарқият 39 миллиону 422 ҳазору 817 сомонӣ мебошад.

Музди миёнаи моҳона дар Қӯрғонтеппа аз 1000 сомонӣ афзун гардид
11:4914 феврал

Музди миёнаи моҳона дар Қӯрғонтеппа аз 1000 сомонӣ афзун гардид

- Музди миёнаи моҳонаи меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли гузашта 1001 сомонию 90 дирамро ташкил дод, - хабар дод Амирулло Асадулло, шаҳрдори Қӯрғонтеппа дар нишасти матбуотии худ. - Ин рақам нисбат ба соли 2015 ба маблағи 72,7 сомонӣ
зиёд мебошад.

«Тоҷикматлубот» фурӯши ангиштро дар 69 нуқта роҳандозӣ кардааст
12:3413 феврал

«Тоҷикматлубот» фурӯши ангиштро дар 69 нуқта роҳандозӣ кардааст

Айни ҳол дар ташкилоту хоҷагиҳои кооператсияи матлуботи вилояти Хатлон 235 нуқтаи савдо, 71 нуқтаи хӯроки умумӣ, 53 нуқтаи истеҳсолӣ, 23 бозори доимоамалкунанда ва якрӯза (бо 1109 адад дӯконҳои тиҷоратӣ) фаъолият мекунанд.