Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » САРДОРИ ШАБАҚАҲОИ БАРҚ ДАР БОРАИ ХОМУШКУНИИ ҚУВВАИ БАРҚ ЧӢ ГУФТ?


САРДОРИ ШАБАҚАҲОИ БАРҚ ДАР БОРАИ ХОМУШКУНИИ ҚУВВАИ БАРҚ ЧӢ ГУФТ?


       Ба иттилои Фариддун Очилдиев, сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Шаҳритуз ба ҳолати 1 –уми октябри соли 2021 қарздорӣ аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ дар ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳо, соҳибкорон, шахсони алоҳида ва соҳибкорон беш аз 6 миллиону 980 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ибтидои соли равон ба ҳолати имрӯз то андозае маблағи қарз кам карда шуд, аммо бо ин вуҷуд ҳастанд ташкилоту муассисаҳое, ки бақияи қарзашон ба ҷойи камшавӣ рӯ ба афзоиш дорад.

         - Барои сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ бояд дар хона, коргоҳ ва умуман гӯшаву канори ноҳия бояд диққат дод, ки нерӯи барқ беҳуда фаъол набошад ва лампаҳои тафсон истифода нагардад, - гуфт Ф. Очилдиев, сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Шаҳритуз. Бинобар ин, роҷеъ ба ин масъала бо аҳолӣ фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаем, ки нерӯи барқро беҳуда истифода накунанд.



         Тибқи иттилои манбаъ, барои саривақт ҷамъоварӣ намудани маблағи истифодаи нерӯи барқ аз тарафи масъулин бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ – иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст. Агар таҳлил намоем, нисбат ба чанд сол қабл дар самти саривақт ҷамъоварӣ намудани маблағи ҳақи истифодаи барқ то андозае пешравӣ ба мушоҳида мерасад. Вале ин ба ҳолати имрӯз қонеъкунанда буда наметавонад ва бояд корро дар сатҳе ба роҳ монд, ки умуман қарздорӣ аз байн бардошта шавад.

- Масалан, ҶСНК “Пахтаи Шаҳритус” беш аз 300 ҳазор сомонӣ, ФҶСК “Тоҷиктелеком” 59 ҳазор сомонӣ, Фабрикаи Мурғпарварӣ зиёда аз 11 ҳазор сомонӣ, Идораи сӯхторхомӯшкунӣ беш аз 20 ҳазор сомонӣ, Раёсати молия 8711 сомонӣ, шуъбаи маориф 15 ҳазор сомонӣ, бахши фарҳанг 48 ҳазор сомонӣ, Маркази саломатӣ 84 ҳазор сомонӣ, ИДФО ва ОЗДКП 5 миллиону 161 ҳазор сомонӣ, КДФО ва Канализатсия 45 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, - гуфт Ф. Очилдиев. Мавсуф илова намуд, ки муассисаҳои таълимии ноҳия низ як қисми муайяни карзро ташкил медиҳанд. Муассисаҳое, ки қарзи бештар доранд, ин МТМУ №1 беш аз 5 ҳазор сомонӣ, МТМУ №2 зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ, МТМУ №44 беш аз 11 ҳазор сомонӣ, МТМУ №7 беш аз 9 ҳазор сомонӣ ва амсоли ин қарздор ҳастанд.

Гуфта шуд, ки ин қарз аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон буд ва дар ҳамин шакл аҳолӣ низ ба ростои худ қарздор мебошад. Имрӯз, алакай шабакаҳои барқи ноҳияи Шаҳритус сари беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани фарҳангӣ пардохти саривақтии нерӯи барқ чораандешӣ дорад. Ба ин хотир, аввалан барои худи кормандон омӯзишҳои гуногуни омӯзишӣ ба роҳ монда шуда истодааст, ки дар он чи гуна бо аҳолӣ кор кардан ва чи гуна фаҳмондадиҳӣ гузаронидан омӯзонида мешавад. 

- Фариддун Очилдиев афзуд, ки доиман кормандонро таъкид менамоем, ки бо мардум муносибати хубро ба роҳ монед ва ҳамеша эҳтирому маданияти кориро дар ҷойи аввал гузоред. Зеро аз ҳар як корманди мо мардуми оддӣ метавонанд, ки кормандони давлатиро пурра баҳогузорӣ намоянд. Чун мо бештар бо онҳо сару кор мегирем ва худро аз идораи давлатӣ муаррифӣ мекунем. Агар аз рӯи як корманд ба Идора шикоят шавад, ҳатман ва таъҷилан нисбати ӯ чораандешӣ карда мешавад. Зеро дар кори мо пеш аз ҳама муносибати хуб ва эҳтироми муштарӣ меистад.

С.АЗИЗЗОДА   

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода