Дар як сатр
Мактаби Зелолак аз нав бунёд шуд (аксҳо)
10:4424 ноябр

Мактаби Зелолак аз нав бунёд шуд (аксҳо)

Дар деҳаи Зелолаки Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг аз ҷониби корхонаи заршӯии «Помир» бо сарфи беш аз 1 миллион сомонӣ бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и ин ноҳия, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, азнавсозӣ шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Волидонро хор накунем
12:0703 июл

Волидонро хор накунем

Иноят Амонова, пиразане аз ин хонаи бепарасторон, гуфт: «Сабаби омадани ман ба ин ҷо набудани манзили зист ва надоштани шароити рӯзгузаронӣ аст. Насиб кашола дода, то ин ҷо овард. Як писар ва ҳафт духтар доштам. Духтаронам хонадор шуданд. Писари ягонаам дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуд. Дигар аз дасти духтаронам чӣ меояд? Рӯзи худро гузаронанд, барои ман бас аст...»

Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам
16:3926 июн

Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам

- Соли 1993 шавҳари маро аз комиссариати ҳарбӣ ба ҷанг даъват карданд, - ба ёд меорад ин зани муштипар. - Аз байн чанд ҳафта гузашт, ки як остини куртаи шавҳарамро оварданд, оғӯшта ба хун буд. Дигар ҳатто дидани ҷасади шавҳарам ба ман муяссар нагардид. Баъди чанд рӯз ду фарзанди худро дар хонаи хусуру хушдоманам монда, ночор бадар рафтам. Зиндагӣ, нонёбӣ мушкил буд, фикр кардам, ки ақаллан фарзандонам дар хонаи падарӣ нони беминнат бихӯранд.

Аёдати пирони барҷомонда савоб аст
11:0822 март

Аёдати пирони барҷомонда савоб аст

- Зиёда аз 30 сол мешавад, ки ман Қимат Камоловаро парасторӣ мекунам, - зикр кард М. Аюбова. - Тӯли ин солҳо касе ба мо кӯмак намерасонад. Шавҳари холаам Асомиддин соли 1984 аз дунё гузаштааст. Онҳо ягон фарзанд надоранд. Аз тарафи мақомоти ноҳия танҳо ду-се маротиба 5-тоӣ нон ва як либос- ворӣ, боз чанд сол қабл як халта орд ва шакару равған оварда дода буданд. Дигар касе аз ҳоламон бохабар намешавад.

Мушкили мардуми Синҷӣ осон шуд (бо аксҳо)
10:1221 март

Мушкили мардуми Синҷӣ осон шуд (бо аксҳо)

- Давраҳои ҷавониам, замоне ки дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Кӯлоб таҳсил мекардам, - нақл мекунад Қ. Муҳсиддинов, - рӯзе ба дарс мерафтам, ки модарам кулчаву либосҳои дарсиямро дар ҷузвдонам андохта буд. Вале азбаски имкони аз об гузаштан набуд, бар-бари теппа рафтам, то ин ки аз дарё осонтар гузарам. Ногоҳ ҷузвдонам афтиду об ӯро бурд, ё ин ки рӯзи тӯйи писарам як нафари дигарро бо аспаш ғарқ карда кушт. Он гоҳ пеши худ қавл дода будам, ки ҳар гоҳе соҳиби сармоя шавам, ҳатман ин ҷо пул месозам. Ҳоло шукр, ки чунин имконият фароҳам шуд.

Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ
09:1021 март

Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

Ҳоло ман ба 70 қадам мондаам, вале ба кадом коре машғул шавам, модарам омада кӯшиши ба ман кӯмак карданро мекунад. Вақте ба болои бом баромаданӣ шавам, модарам аз пушти ман боло мебарояд, то ин ки мабодо аз болои бом наафтам…

Бузургон дар васфи журналистика
13:3712 март

Бузургон дар васфи журналистика

Бузургон дар васфи журналистика

Нокасе бар миллату меҳан хиёнат гар кунад,
Дуди дил аз синаи худ мебарорад журналист...




"Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷомеаро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо карда метавонад".
Эмомалӣ Раҳмон




Таҳияи
Комрони Бахтиёр,
Давлатбеки Каримзод,
Низорамоҳи Ҳамид,
Низомиддин Исоев
хабарнигорони рӯзномаи "Хатлон"


Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»
15:3231 январ

Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»

Дар толори китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Қўрғонтеппа бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ҷамъомаде бахшида ба Соли оила эълон шудани соли 2015 барпо гардид.

Ситораҳои беҷило
11:2909 январ

Ситораҳои беҷило

Ҳарчанд ин андеша шояд ба баъзеҳо хуш наояд, аммо қобили таъкид аст, ки имрӯзҳо осмони санъати тоҷик пур аз «ситораҳои беҷило» гаштааст.

Роҳе, ки «тақдирҷунбон» надорад
21:4602 январ

Роҳе, ки «тақдирҷунбон» надорад

Ягона роҳе, ки деҳаи Сиёҳфарки Ховалингро бо маркази ноҳия мепайвандад, дастикам 38 километр тӯл дошта, ба қавли ҳолдонҳо, бинобар даҳсолаҳо боз таъмири куллиро надидан шабеҳи ҷодаи пурсадди барои сабқатҳои «каскадёр»-ӣ пешбинишуда гардидааст.

«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир
16:3401 январ

«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир

Дар 11 моҳи соли 2014 варзишгарони вилояти Хатлон дар 35 мусобиқаи байналмилалӣ ва 78 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 1173 медал ба даст оварданд, ки аз ин ҷумла 404 ададаш тилло, 321-тояш нуқра ва 448-тоаш биринҷӣ мебошад.