Дар як сатр
Ироаи 9 миллион сомонӣ барои маҳви малах
18:3613 апрел

Ироаи 9 миллион сомонӣ барои маҳви малах

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокиров доир ба иҷрои барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ёдовар гардида, иброз дошт, ки 9 миллион сомонӣ маблағ дар давоми 5 сол барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах, таъминоти сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, техника ва таҷҳизот ҷудо гардида, мавриди истифода қарор дорад.

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия
18:2310 апрел

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

10 апрел, дар маркази вилоят – шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)
10:5026 март

Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)

Яке аз чорабиниҳои хотирмон дар вилояти Балхи Ҷумҳурии исломии Афғонистон тантанаи «Ҷашни Гули сурх» ба шумор меравад, ки аз оғози Наврӯзи хуҷастапай мужда медиҳад. Чорабинии мазкур дар яке аз мавзеъҳои зеботарини таърихии ин диёр бо номи «Масҷиди сабз», ки қадамҷойи Ҳазрати Алӣ будааст, баргузор гардид.

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст
16:4712 март

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Сарраёсати кишоварзӣ семинар-машварати вилоятӣ оид ба самаранок истифода бурдани замин-омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ баргузор гашт.

Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниёзманд
14:1505 март

Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниёзманд

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят дар тарабхонаи «Оби тоза»-и шаҳри Қӯрғонтеппа тӯйи дастаҷамъонаи суннатии 50 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ва тӯйи арӯсии ду ҷуфти ҷавон баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ширкат варзида, оилаҳои ҷавон ва кӯдакони хушбахтро табрик гуфт.

«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад
10:2008 феврал

«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

Дар мизи мудаввар, ки бо иқдоми ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Фидокор» ба амал омад, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Таблиғи арзишҳои миллӣ
15:5503 феврал

Таблиғи арзишҳои миллӣ

Бо мақсади тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷу эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷавонон, занону духтарон ноболиғон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва даст задан ба амалҳои номатлуб бо амри раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гурӯҳи таблиғотии Шӯрои куҳансолони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт.