Дар як сатр
Рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
11:4514 ноябр

Рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Мулоқоти судманд
10:0907 ноябр

Мулоқоти судманд

Дар кохи Ватан мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо сокинон ва фаъолони шаҳри Қўрғонтеппа доир гардид. Дар ҷамъомад раиси шаҳри Қўрғонтеппа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри ширкат доштанд.

Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд
15:3331 октябр

Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд

Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии муқовимат бо коррупсия, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, масъулини мақомоти андоз, молия, раисони комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат доштанд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Ёвон
14:4330 октябр

Мулоқоти Раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Ёвон

Ҳафтаи сипаригашта дар кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳияи Ёвон мулоқоти раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо сокинони ноҳия баргузор гардид. Ҳадаф аз мулоқоти мазкур, пеш аз ҳама, шунидани арзу матлаби шаҳрвандони ноҳия ва мулоқот бо онҳо буд.

Духтарон сарварӣ меомӯзанд
10:1019 октябр

Духтарон сарварӣ меомӯзанд

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз соли 2010 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва ҚҲҶТ аз соли 2017 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022” курси омӯзиши духтарони сарвар дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис дода шуд.

Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон
09:4919 октябр

Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон

Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят конфронси вилоятӣ дар мавзӯи “Соҳибкории занон дастовардҳо ва дурнамо” баргузор гардид. Дар кори конфронс раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовинони раиси вилоят, масъулини Раёсати молияи вилоят, раиси Ассотсиатсияи занони соҳибкори Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Сабоҳат ва соҳибкорзанони шаҳру навоҳии вилоят ширкат доштанд.

Мақсад-баланд бардоштани маърифати экологии омӯзгорону хонандагон
14:0225 сентябр

Мақсад-баланд бардоштани маърифати экологии омӯзгорону хонандагон

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон ба соҳаи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд, ки ин бесабаб нест. Зеро рушду тараққии соҳаи саноати вазнин, истифодаи бемайлони захираҳои табиӣ ҳар як фарди ватандӯстро водор месозад, ки нисбати он бепарво набошад. Бахусус чор фасли сол Тоҷикистони биҳиштосо мисли нигинест миёни давлатҳои ҷаҳон. Қуллаҳои осмонбӯсу барфпӯш, меваҳои шаҳдбор, табиати нотакрор, офтоби нурбахшу чашмаҳои мусаффои ватани азизамон барои шаҳрвандони давлатҳои ҷаҳон боварнакарданист.

Зиндагии шоиста аз меҳнати ҳалол аст
09:0903 август

Зиндагии шоиста аз меҳнати ҳалол аст

Зимни нишасти матбуотии раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло кормандони васоити ахбори омма бештар ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Комёбиҳои назарраси кишоварзон
09:0103 август

Комёбиҳои назарраси кишоварзон

Дар нишасти матбуотии хеш масъулини ноҳияи Ҷайҳун доир ба фаъолияти соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт, савдо изҳори назар намуданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, ҳаҷми умумии маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 327492,0 сомонӣ расид. Дар самти чорводорӣ низ дастовардҳо назаррасанд.

Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”
09:3011 июл

Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Тавре ки раиси вилоят иттилоъ дод, қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар нимаи аввали соли 2017-ум 101,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 444 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 6,2 миллион сомонӣ ва ҳамин давраи соли 2016-ум 28,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз
12:5213 июн

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

Таърих гувоҳ аст, ки ҷанги таҳмилӣ ба давлату мардуми Ватани азизи мо чӣ қадар даҳшату вазниниҳоро пеш овард. Дар ин ҷанги бебунёду бе маънӣ қабл аз ҳама модарон ранҷ кашиданд, зеро онҳо ҳам фарзанду ҳам шавҳарони хешро аз даст доданд. Бори сангини рӯзгор бар дӯши нозуки модарон афтод. Кулбаҳои бо меҳр бунёднамудаашон туъмаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ гашт. Қалби саршори меҳру муҳаббаташон аз доғи фарзанду оташу дуди нобасомониҳо пурхун гардид.