Дар як сатр
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ
14:3219 феврал

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Дар минтақаи отряди сарҳадии «Панҷ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои нави муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири замонавӣ, хобгоҳ, китобхона, хонаи фароғатӣ ва синфхонаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад
11:5718 феврал

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Чанд рӯз қабл тақрибан, соати 01:30-и шаб, аз ҷониби Гурӯҳи фаврии қӯшунҳои сарҳадӣ ва РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар яке аз минтақаҳои дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ»-и сарҳади Тоҷикистону Афғонистон байни гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон, ки иборат аз 6-7 нафар буданд, дар вақти убури ғайриқонунии хати сарҳад задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад.

Сафаралӣ Авғонови соҳибкорро барои насупоридани андоз 3 сол аз озодӣ маҳрум карданд
11:1918 феврал

Сафаралӣ Авғонови соҳибкорро барои насупоридани андоз 3 сол аз озодӣ маҳрум карданд

Солҳои охир дастгирии соҳибкорон дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, баҳри амалӣ намудани ислоҳоти андоз дар ҷумҳурӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуда, аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифт.

Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ
13:1912 феврал

Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ

Ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус, Фархор, Муъминобод ва Шӯробод вобаста ба масъалаҳои пешгирии низоъҳои обӣ, сарҳадӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон, андешидани тадбирҳои фаврӣ дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ, истифодаи неруи занон дар масъалаи муқовимат ба паҳншавии ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва иштирок дар равандҳои сулҳоварӣ машварат доир намуданд.

Таассуб дилро мемиронад
12:5412 феврал

Таассуб дилро мемиронад

Низоъҳои таҳмилӣ ва тавтеаҳои гурӯҳҳои муайян дар даргириҳои Ироқу Сурия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин низоъҳо дар манотиқи муътақидони ислом бо тазвири ислом сурат гирифта, гурӯҳҳо амалҳои хилофи динӣ, дунявӣ ва инсонии худро ҳамоно ба ислом рабт медиҳанд. Размандагони ин даргириҳо, ки аксарият пайравони фирқаи бемазҳаби салафӣ-ваҳҳобиянд, бо тасдиқ ва фатвои пешвоёни хеш амалҳои номатлуби худро хидмат ба дин медонанд.

Худшиносу ҳомии ватан бошем
16:3510 феврал

Худшиносу ҳомии ватан бошем

Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ тавъам буда, тавассути таълиму тарбияи хуб ва донишу маърифати баланд ба даст меояд. Худшиносӣ мақому манзалати инсонии худро бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст.

Афви «муҷоҳидон»-и пушаймоншуда
10:0204 феврал

Афви «муҷоҳидон»-и пушаймоншуда

«Тибқи маълумоти мо, 21 нафар ҳамроҳи зану фарзандаш ба Сурия рафтааст. Давоми сол 29 нафар аз он кишвар бозпас гаштанд ва аксари онҳо, бинобар он ки изҳори пушаймонӣ намуданд, мавриди афв қарор гирифтанд», - гуфт Б. Шарифзода ва афзуд, ки аз ҷанги Сурия тайи як соли охир хабари кушта шудани 31 нафар расидааст.

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конститутсияро ба Конститутсияи амалкунанда баррасӣ менамояд
09:3704 феврал

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конститутсияро ба Конститутсияи амалкунанда баррасӣ менамояд

Имрӯз, 4 феврал, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи конститутсионӣ аз рӯйи пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ менамояд.

Садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо коҳиш диҳем
15:0203 феврал

Садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо коҳиш диҳем

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, оид ба беҳтар намудани вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ва коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ ҷаласа доир гардид.

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ
10:4303 феврал

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ дар вилояти Хатлон, ки аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сурат гирифт, ба маблағи 17 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд.

Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин
09:4102 феврал

Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Аз ҷониби нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар соли 2015 беш аз 5200 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, афроди муттаҳам ба андозаи умумии 1 миллиону 96,2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд
08:1901 феврал

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Аз ҷониби мақомоти прокуратура дар вилояти Хатлон соли гузашта 5 ҳазору 702 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2014-ум 828 ҷиноят зиёд аст. Таҳлили ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки ошкоршавии ҷиноятҳо дар сатҳи вилоят ба 88,5% баробар аст.

Дар мубориза бо нашъамандӣ коҳил набошем (видео)
16:0727 январ

Дар мубориза бо нашъамандӣ коҳил набошем (видео)

Аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти кишвар дар вилояти Хатлон дар соли гузашта 280 килову 715 грамм воситаҳои нашъаовар, аз ҷумла 963 грамм героин, 45 килову 771 грамм афюн, 73 килову 994 грамм ҳашиш, 159 килову 987 грамм канабис, 5 ҳазору 418 ҳабби синтетикии экстазӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шуд.