Дар як сатр
13 соли маҳбас барои пайравӣ ба ДИИШ
11:0711 май

13 соли маҳбас барои пайравӣ ба ДИИШ

Бо ҳукми Суди вилояти Хатлон, Маҳмадсолеҳ Бобоеви 26-сола, сокини ноҳияи Бохтар, барои қасди пайвастан ба гурӯҳи ифротгарои ба ном “Давлати исломӣ” 13 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Қӯрғонтеппа
11:4109 май

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Қӯрғонтеппа

Ба муносибати ин санаи фархунда дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони шаҳру вилоят чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора
17:1104 май

Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

Аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш ва муовини раиси Ҷамоати деҳоти «50 солагии Тоҷикистон»- и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо гирифтани пора дастгир намуд.

Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем
09:3302 май

Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ШВКД дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон вохӯрии судманде оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, масъулияти ватандорӣ ва худшиносии миллӣ байни ҷавонону наврасон доир намуд.

Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт
17:1721 апрел

Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Дар ҷаласаи прокуратураи вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳа масоили ба қайд нагирифтани муроҷиати шаҳрвандон, таҳлили сатҳи ҷинояткорӣ, назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз, худкушӣ ва мубориза бар зидди экстремизмро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Амнияти миллӣ ва мафкураи миллӣ
09:1018 апрел

Амнияти миллӣ ва мафкураи миллӣ

Рисолаи раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов "Идеология ва манфиати миллӣ" ва тақризи Аълочии маорифи Тоҷикистон, мудири шуъбаи марифи ноҳияи Ҳисор Назрӣ Асадзода "Пойдории миллат аз рушди маънавиёт ва мафкураи миллист"диққати маро ба худ ҷалб намуданд. Дар ин мақолаҳо, воқеан масъалаҳои ниҳоят ҳаётии пойдории давлату миллат ба миён гузошта шудааст. Махсусан, аз тарафи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба миён гузоштани ҳалли фаврии муайян намудани мафкурае, ки бо тамоми ҳастӣ, қувва, ақлу хирад ва дилу ҷон манфиатҳои миллиро ҳимоя намояд, зарур аст.

Амалиёти «Пиёдагард-велосипедрон»
09:2814 апрел

Амалиёти «Пиёдагард-велосипедрон»

Дар ҳудуди вилояти Хатлон 10 апрел амалиёти рамзии “Пиёдагард-велосипедрон” оғоз гардида, интизор меравад, ки то 20 апрел идома кунад.

Ҳукми суд 13 сол барои пайравӣ ба ДИИШ
10:0910 апрел

Ҳукми суд 13 сол барои пайравӣ ба ДИИШ

Коллегияи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятии Суди вилояти Хатлон 6-уми марти соли равон ҳукми худро нисбати Баҳодур Тухтаев, сокини ноҳияи Бохтар, бароварда, ӯро ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда буд, қувваи қонунӣ гирифт.

М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”
08:1406 апрел

М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода семинар-машварати омӯзишӣ оид ба моҳияти “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия баргузор гардид.

Тамринҳои муштараки низомӣ
16:1231 март

Тамринҳои муштараки низомӣ

Дар ҳудуди вилояти Хатлон машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо тирпаронии ҷангӣ оғоз гардиданд.

Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост
08:3227 март

Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар даврае пешниҳоди мардуми ҷумҳурии соҳибистиқлол гардонида шуд, ки кишвари азизи мо бо марҳалаи нави рушд - гузаштан аз кишвари кишоварзӣ-саноатӣ ба саноатӣ-кишоварзӣ ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Таблиғгари ДИИШ аз озодӣ маҳрум шуд
10:0916 март

Таблиғгари ДИИШ аз озодӣ маҳрум шуд

Суди вилояти Хатлон як сокини 26-солаи шаҳри Қӯрғонтеппаро аз рӯйи моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон («зархаридӣ») 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин мард О.К. охири соли 2016 боздошт шудааст.

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ
16:4922 феврал

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Ҳадафи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон қабл аз ҳама мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, дар ҷомеа омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо ва демократикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.