Дар як сатр
ҲНИТ-Ҳизбе, ки Худову бандагонашро фиреб медиҳад…
10:3012 декабр

ҲНИТ-Ҳизбе, ки Худову бандагонашро фиреб медиҳад…

Ҳанӯз соли 1996 дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки дар ҳар як ҷомеаи демократӣ ҳизбҳои сиёсӣ танҳо аз тариқи муборизаҳои осоиштаи парлумонӣ ба ҳадафҳои сиёсии худ бояд муваффақ шаванд. Дар ин амр роҳи дигаре нест. Зӯроварӣ ва фиребу найрангро ҳеҷ гуна давлати ҳуқуқбунёду демократӣ намепазирад. Ин некназарии Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2015, баъди амалҳои хиёнаткоронаи сарварони ҳизби террористии аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон манъшудаи ҲНИТ исботи худро ёфт. Бинобар он бамаврид аст, ки боз як таъкиди Ҷаноби Олиро иқтибос биорем: «Мову шумо бояд як қувваи ягонаро ташкил дода, онҳоеро, ки сулҳу салоҳро дар ҷомеа халалдор карданӣ мешаванд, ҳамдигарфаҳмии байни қувваҳои сиёсиро аз байн бурданӣ мешаванд, ҳушдор диҳем».

ДИИШ дар ниқоби дини ислом
10:1212 декабр

ДИИШ дар ниқоби дини ислом

Дини ислом яке аз динҳои ҷаҳонӣ буда, дар инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷамъияти инсонӣ нақши муҳим бозидааст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 500 мусулмони беҳтарини дунё эътироф гардидааст, дар ин бора қайд менамояд: «Имрӯз, мутаассифона, баъзе зуҳуроти номатлуб таҳти шиорҳои ислом ба амал меоянд, ки дар асл ягон муносибате ба ислом надоранд. Исломи ҳақиқӣ мардумро ба сулҳдӯстию созандагӣ ва таҳаммул даъват мекунад».

Парчам ифодагари соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
12:0624 ноябр

Парчам ифодагари соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам дар радифи Нишон ва Суруди миллӣ барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол чун рамзи давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ эътироф карда шудааст. Аз ин нигоҳ эҳтироми волои рамзҳои давлатӣ ногузир аст ва бояд тавре ба онҳо муносибат намуд, ки нисбаташон беҳурматӣ зоҳир нагардад. Зеро рамзҳои давлатӣ таҷассумгари мазмуну моҳияти давлат, таъриху фарҳанги халқ, арзишҳои миллию ҷуғрофии кишвар мебошанд. Парчам ҳанўз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукўҳу ифтихор ва нангу номус будааст.

Пайвандони Ҳайдар Қосимов: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ”
11:3417 ноябр

Пайвандони Ҳайдар Қосимов: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ”

Ҳайдар Қосимов дар беш 1200 муҳорибаи хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ширкат варзида, ҳайати шахсии воҳиди низомияш зиёда аз сад маротиб тағйир хӯрдаву ӯ танҳо зинда мондааст. Вай барои шикаст додани нерӯҳои алоҳидаи душман дар Берлин ва дигар хизматҳои шоёнаш соли 1957 бо нишони тиллоии «Қаҳрамони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ» қадр карда шудааст. Аммо соли 1993 ӯ, ки охирин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон буд, дар 71-солагӣ, пас аз оташ зада шудани манзили зисташ дар ноҳияи Вахшу фирорӣ шудани хонаводааш ба ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир), аз сӯйи размандагони бераҳми ҲНИТ ба қатл расидааст.