Дар як сатр
ЗАН ВА САРҚОНУН
11:0019 январ

ЗАН ВА САРҚОНУН

Ба истиқболи Паёми имсолаи Пезиденти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии зану мард, дастгирии иҷтимоии оилаҳо ва боло бурдани мақому манзалати зан дар ҷомеа як силсила барномаҳои давлатиро қабул ва матраҳ кардааст, ки таҷрибаи камсобиқа ва қобили таҳсин мебошад.

Раҳоии қариб 250 зан дар доираи қонуни афв
15:4918 январ

Раҳоии қариб 250 зан дар доираи қонуни афв

Дар натиҷаи татбиқи ин қонун, ки 29 октябри соли гузашта аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак 193 нафар, аз муассисаҳои сукунат 31 нафар ва аз муассисаҳои тафтишотӣ 24 нафар зан озод гардиданд.

Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид
17:1615 январ

Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Алайҳи 7 узви «Ал-Қоида», 24 узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ», 4 пайрави «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», 12 муҷоҳиди бар зидди қувваҳои ҳукуматии Сурия ва 2 муҷоҳиди ба муқобили нерӯҳои ҳукуматии Ироқ меҷангида аз ҷониби Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон парвандаҳои ҷиноятӣ ифтитоҳ гардида, онҳо дар пайгарди байналмилалӣ эълон шудаанд.

Мусодираи се китоби сеҳру ҷоду дар сарҳад
16:4415 январ

Мусодираи се китоби сеҳру ҷоду дар сарҳад

Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи дастии Бибишарифа Қаршибекова, сокини ноҳияи Панҷ, се адад китоби зоҳиран динӣ дарёфт шуд. Хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ маълум кард, ки китобҳои «Нақши Сулаймон» (як адад) ва «Куллиёти Канз-ул-Ҳусайн» (ду адад) доир ба сеҳру ҷоду буда, муҳтавояшон ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мухолифат дорад.

74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд
16:3308 январ

74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

Маҳмудалӣ Алимардонов, прокурори ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа, зимни нишасти матбуотияш рӯзи 8 январ гуфт, ки соли гузашта 14,8 фоизи шаҳрвандони даъватшаванда бо маҳдудияти ҷузъӣ (беморӣ) ба артиш сафарбар карда шудаанд.

Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ
16:0608 январ

Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Танҳо дар моҳи январи соли 2015 аз ҷониби мақомоти прокуратура дар вилояти Хатлон вобаста ба ҷиноятҳои дорои хусусияти ифротгароӣ, яъне ҷалби шаҳрвандон ба задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар, 4 парвандаи нави ҷиноятӣ ифтитоҳ ёфтааст. Тайи як соли охир дар вилояти Хатлон вобаста ба ҷиноятҳои экстремистӣ 43 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 59 нафар ифтитоҳ ёфтааст.

«Мулло-табибон» муҷозот шуданд
15:4108 январ

«Мулло-табибон» муҷозот шуданд

Нисбати 7 нафар «домулло-табибон» дар вилояти Хатлон парвандаҳои ҷиноятӣ ифтитоҳ гардида, онҳо ба муҷозот кашида шудаанд.

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба қазияи гаравгонгирии сарбозони сарҳадбон
15:2508 январ

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба қазияи гаравгонгирии сарбозони сарҳадбон

Дар робита ба қазияи гаравгонгирии чор сарбози қисми сарҳадбонии воқеъ дар ноҳияи Панҷ аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа алайҳи Алимуҳаммад Додокалонов, муовини сардори дидбонгоҳи сарҳадии ин қисми низомӣ, парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Конститутсия - кафили озодии сухан
15:1301 январ

Конститутсия - кафили озодии сухан

Сарфи назар аз он ки соли 1994 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, Конститутсия бо пуштибонии аксари кулли мардуми кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ (94,4%-и шаҳрвандон, яъне 2 миллиону 685 ҳазору 724 нафар дар он ширкат варзиданд) қабул карда шуд.

Пешбарии номзад ба вакилии парлумон
21:1731 декабр

Пешбарии номзад ба вакилии парлумон

31 декабр созмонҳои ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва Бохтар дар ҷаласаи якҷояи худ номзадии Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлонро ба вакилии маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аз ҳавзаи якмандатаи №26-и Қӯрғонтеппа пешбарӣ намуданд.

Мулоқот бо сарбозон ва ҷавонони фаъол
15:3231 декабр

Мулоқот бо сарбозон ва ҷавонони фаъол

Дар мулоқот масъалаи ҳимояи марзу буми кишвар, эмин нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳифз намудани ҷавонону наврасон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бахти оилавиро фурӯхтан хостанд?
22:2930 декабр

Бахти оилавиро фурӯхтан хостанд?

Хушдомани Раъно Сафарова (исми мустаор), ҷавонзане аз вилояти Хатлон, дар назди ӯ шарт гузоштааст, ки барои минбаъд бо писари ӯ зистан 10 ҳазор доллари ИМА меорад, вагарна оилаашонро дарҳам мешиканад, ки ин ба қавли соҳибназарони маҳаллӣ, ҳодисаи камназир будааст.