Дар як сатр
Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд
14:2213 сентябр

Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд

Мо нисбати амалҳои ҷиноии Назарзода Абдуҳалим Мирзо, ки аз он бӯйи ҷанг, нохушӣ, нооромӣ меояд, норозигии хешро баён намуда, онро пурра маҳкум менамоем. Амалҳои ҷиноии Назарзода Абдуҳалим Мирзо ба ҷуз хиёнат ба Ватан чизи дигаре нест.

Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед
13:1113 сентябр

Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед

Ба Абдуҳалим чӣ намерасид, ки нисбати Ватан ва миллат чунин рафтор намуда, зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти террористӣ бурда истодааст. Натиҷаи ин амалҳои хоинонаи Абдуҳалим буд, ки чандин нафар шаҳрвандони ҷумҳуриямон ҷон аз даст доданд, чандин тан маҷрӯҳ шуданд

Боздошти раиси ҷамоат
14:4327 август

Боздошти раиси ҷамоат

Раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус Давлатёр Идибеков бо гумони даст доштан дар ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби кормандони ниҳоди зиддикоррупсионӣ дастгир шудааст.

Бо кӯмаки «Хатлон» мушкил ҳал шуд! Маошро гирифтанду идона фиристоданд
07:4820 июл

Бо кӯмаки «Хатлон» мушкил ҳал шуд! Маошро гирифтанду идона фиристоданд

Ширкати сохтмонии «Монолитстрой»-и Екатеринбурги Русия, ки дар гузашта аз 60 нафар муҳоҷири кории тоҷик, аз ҳисоби музди маош дар маҷмӯъ 1 миллион рубли русӣ қарздор буд, дар арафаи Иди саиди Фитр, онро пурра бипардохт (Дар бораи проблемаи ин муҳоҷирони корӣ дар шумораи гузаштаи рӯзнома №29, аз 9 июли соли 2015 матлабе таҳти унвони «оворагии 60 муҳоҷири тоҷик» ба нашр расида буд).

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем
15:3718 июл

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Дар Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон боз як вохӯрии муфиди аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, ҳамоҳангсози миллии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милиса баргузор гардид.

Оворагии 60 муҳоҷири тоҷик
16:4411 июл

Оворагии 60 муҳоҷири тоҷик

Ҳафтаи охир беш аз 60 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар ширкати «Монолитстрой»-и Екатеринбурги Русия заҳмат мекашиданд, корпартоӣ карданд. Феълан ширкати мазкур аз ин муҳоҷирони корӣ як миллион рубли русӣ қарздор аст.

Фитаҳои «часпак» мусодира шуд
08:0711 июл

Фитаҳои «часпак» мусодира шуд

Аз нуқтаю дӯконҳои фиттафурӯшии бозорҳои вилоят дар 6 моҳи охир 875 адад дискҳои пастсифат аз тарафи масъулини идораи "Тоҷикстандарт"-и вилояти Хатлон мусодира карда шуд.

ВАО: Абухолид кушта шуд
16:5210 июл

ВАО: Абухолид кушта шуд

Нусрат Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар давоми ду соли охир бо номҳои Абухолиди Кӯлобӣ ва Фурқон Фаластин дар сафи террористони «Давлати исломӣ» меҷангид, ҳафтае пеш ҳангоми зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Сурия кушта шудааст.

Ҳуқуқи корманд дар мадди аввал
07:4709 июл

Ҳуқуқи корманд дар мадди аввал

Дар Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят мулоқоти раиси генералии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина баргузор гардид.

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд
05:3107 июл

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Хушбахтона, имрӯз ягон ҳолати дар ҷангҳои давлатҳои бегона, аз қабили Сурия ва Ироқ иштирок кардани ҷавонони фиребхӯрда аз ҷамоати деҳоти Шугнов ва ҳатто ноҳияи Ховалинг ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ин асос намедиҳад, ки мо хотирҷамъ бошем ва бо оммаи васеъ кор набарем.

Муроҷиати модарони Хатлонзамин: Нагузорем, ки ҷоми булӯрини Ваҳдат осеб бубинад
18:0606 июл

Муроҷиати модарони Хатлонзамин: Нагузорем, ки ҷоми булӯрини Ваҳдат осеб бубинад

Мо нагузорем, ки ҷоми булӯрини Ваҳдат, ки бо ҳазорон умеду ормон бо ивази ҷонбозиҳо ва ашки модарон ба даст омадааст, аз чашмзахми нохалаф, аз тири нигоҳи бадхоҳон, кину адовати нокасон осеб бубинад. Мо - модарони Хатлонзамин аз оқибати ҷанг, гуруснагӣ, фақирӣ, аз дастдодани фарзандон, хонаи обод хуб огаҳ ҳастем.