Дар як сатр
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист
17:1819 июн

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист

15 июн аз мавлуди фарзанди баруманду сарсупурдаи миллати тоҷик генерал-полковники милиса Ҳомиддин Шарифов, собиқ вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 сол пур шуд.

Азхудкунии маблағи нафақагирон
10:3612 июн

Азхудкунии маблағи нафақагирон

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Муродалиева Хосият Аҳмадовна, нозир-хазинадори оид ба мубодилаи асъори филиали №75 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон хабар дод.

Як узви «Ҳизби исломии Туркистон» барои 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд (аксу видео)
11:5508 июн

Як узви «Ҳизби исломии Туркистон» барои 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд (аксу видео)

Суди вилояти Хатлон як сокини 26-солаи деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиёнро бо иттиҳоми узвият дар “Ҳизби исломии Туркистон”, ташкилоти фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон, барои 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ифтитоҳи минтақаи маъмурии милитсия
10:2808 июн

Ифтитоҳи минтақаи маъмурии милитсия

Дар арафаи таҷлили 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ минтақаи маъмурии милитсия барои нозирони минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур ифтитоҳ гардид.

ДИИШ зулмат аст
15:1325 май

ДИИШ зулмат аст

Дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва оқибатҳои терроризму экстремизм» дар ҳамбастагӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор гардид, ки дар он мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, омӯзорон ва донишҷӯёну хонандагон иштирок доштанд.

Ҳадафи ислоҳот – ҳамкории бештари милитсия бо мардум
08:5517 май

Ҳадафи ислоҳот – ҳамкории бештари милитсия бо мардум

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ва дар ин замина Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он» ба тавсиб расида буд.

Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем
08:2715 май

Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Мушкилоте ки имрӯз ба рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва раванди созандагию бунёдкорӣ халал эҷод мекунад ва боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Ин нукта дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ омадааст. Аз ҷумла дар Паём зикр ёфтааст, ки ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд. Тибқи назарпурсии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳама бештар дар сатҳи сохтору мақомоти идоракунӣ ба назар расида, дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ ҳамчун сабаби содир намудани амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ шудааст.

Комиссари нави ҳарбӣ таъйин шуд
09:0012 май

Комиссари нави ҳарбӣ таъйин шуд

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссари нави ҳарбии вилояти Хатлон Куганзода Ҳаким Самад таъин гардид. Ҳ. Куганзода дорои рутбаи ҳарбии подполковник буда, то ин вақт дар мақоми сардори ситод-муовини аввали фармондеҳи бригадаи десантии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард. Куганзода дар ин вазифа генерал-майор Нуралӣ Фақировро иваз кард.

13 соли маҳбас барои пайравӣ ба ДИИШ
11:0711 май

13 соли маҳбас барои пайравӣ ба ДИИШ

Бо ҳукми Суди вилояти Хатлон, Маҳмадсолеҳ Бобоеви 26-сола, сокини ноҳияи Бохтар, барои қасди пайвастан ба гурӯҳи ифротгарои ба ном “Давлати исломӣ” 13 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Қӯрғонтеппа
11:4109 май

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Қӯрғонтеппа

Ба муносибати ин санаи фархунда дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони шаҳру вилоят чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора
17:1104 май

Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

Аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш ва муовини раиси Ҷамоати деҳоти «50 солагии Тоҷикистон»- и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо гирифтани пора дастгир намуд.

Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем
09:3302 май

Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ШВКД дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон вохӯрии судманде оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, масъулияти ватандорӣ ва худшиносии миллӣ байни ҷавонону наврасон доир намуд.

Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт
17:1721 апрел

Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Дар ҷаласаи прокуратураи вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳа масоили ба қайд нагирифтани муроҷиати шаҳрвандон, таҳлили сатҳи ҷинояткорӣ, назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз, худкушӣ ва мубориза бар зидди экстремизмро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Амнияти миллӣ ва мафкураи миллӣ
09:1018 апрел

Амнияти миллӣ ва мафкураи миллӣ

Рисолаи раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов "Идеология ва манфиати миллӣ" ва тақризи Аълочии маорифи Тоҷикистон, мудири шуъбаи марифи ноҳияи Ҳисор Назрӣ Асадзода "Пойдории миллат аз рушди маънавиёт ва мафкураи миллист"диққати маро ба худ ҷалб намуданд. Дар ин мақолаҳо, воқеан масъалаҳои ниҳоят ҳаётии пойдории давлату миллат ба миён гузошта шудааст. Махсусан, аз тарафи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба миён гузоштани ҳалли фаврии муайян намудани мафкурае, ки бо тамоми ҳастӣ, қувва, ақлу хирад ва дилу ҷон манфиатҳои миллиро ҳимоя намояд, зарур аст.