Дар як сатр
» » Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

10-03-2016, 16:41

Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Ҷомеа, ҳамчун муҳити иҷтимоӣ, ба ташаккул ва камолоти ҳамаҷонибаи инсон мусоидат намуда, баҳри ташаккулёбии он ҳамчун шахсият имконияти фаровон фароҳам меорад. Қайд намудан лозим аст, ки раванди ташаккулёбии шахсият хусусиятҳои инфиродиро низ дар бар мегирад. Ин аст, ки табақабандиҳо дар зинаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба миён омада, тафовути иҷтимоӣ боиси пайдоиши қишрҳои иҷтимоӣ мегардад. Ин тафовутҳо метавонанд ҷанбаи ҷинсӣ, мазҳабӣ, амволӣ, миллию нажодӣ дошта бошанд. Вобаста ба ин, ҳар як шахс дар табақабандии ҷамъиятӣ мавқеи муайянро соҳиб буда метавонад.

Ҳамзамон гуфтан лозим аст, ки ба мавқеи иҷтимоии шахс, новобаста аз ҷинсият, миллату нажод ва сатҳи дороӣ, як қатор омилҳо таъсир мерасонанд. Яке аз чунин омилҳои фаъол сатҳи маърифати шахс ба ҳисоб меравад, ки қодир аст раванди ташаккулёбии ӯро ҳамчун шахсият тезонида, мавқеашро дар ҷомеа устувор бигардонад.

Маърифатнокӣ, ҳамчун яке аз ченакҳои муҳими баҳодиҳӣ ба дараҷаи ташаккулёбии шахсият, сарҳадҳои миллию нажодӣ ва ҷинсию молумулкӣ надошта, аз саъю кӯшиш, шавқу завқ ва қобилияти донишомӯзии ҳар як шахс вобаста мебошад. Яъне, ҳар як кас метавонад баҳри ба даст овардани ин сармоя бемаҳдудият кӯшиш намояд. Дараҷаи маърифатнокӣ метавонад натанҳо ба сатҳ ва мавқеи иҷтимоии шахсияти алоҳида, балки ба рушди ҷомеа таъсири бевосита бирасонад. Ин аст, ки дини мубини ислом донишомӯзиро фарз гардонида, паёмбари бузурги мо аз гаҳвора то гӯр омӯхтани илмро тавсия додааст.

Яқинан исбот гаштааст, ки дар ҳама давру замон пешрафти ҷомеаю кишварҳо маҳз аз сатҳи маърифатнокии аъзои он вобаста буда, муҳаррики асосии таъминкунандаи пешрафти онҳо гаштааст. Ин аст, ки давлати мо низ ба масъалаи рушди донишу маърифат диққати махсусдода, дар сиёсати иҷтимоии хеш маорифро самти стратегӣ эълон намудааст.

Воқеияти даврони имрӯза бори дигар собит намуда истодааст, ки ҳар як ҷомеае, ки дар меҳвари сиёсати худ донишу маърифат ва илму навовариҳоро қарор медиҳад албатта ба дастовардҳои муҳим дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии худ ноил мегардад. Ин масъала муҳимияти худро дар замони мо махсусан ҳифз намуда истодааст. Замоне, ки аз он ҳамчун ҷаҳонишавӣ ном бурда шуда, таҳоҷуми иттилоотию фарҳангӣ ба ҳуввият ва ягонагӣ, мавҷудияти арзишҳои миллӣ ва урфу одату анъанаҳои миллӣ таҳдиди ҷиддиро пеш овардааст, маҳз дар пояи илму маърифат ва донишҳои муосири пеш бурдани ҷомеа метавонад ягона роҳи халос бошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши илм дар маънидодкунии равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва тарҳрезии фаъолияти минбаъда диққати ҷиддӣ дода, борҳо аз олимони ҷомеашинос талаб намудааст, ки дар фаҳмонида додани моҳият ва мақсадҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар ва ояндабинии рушди босуботи он аз нуқтаи назари илмӣ баҳодиҳӣ намоянд.

Дар тақвияти ин сиёсат иқдоми раиси вилояти Хатлонро дар масъалаи эълон доштани соли 2016 ҳамчун «Соли рушди нерӯи зеҳнӣ» метавон ҳамчун иқдоми созандаю прагматикӣ қабул намуд. Зеро имрӯз вақте расидааст, ки хусусияти стратегӣ доштани соҳаи маорифро ба ҳар як оила ва ҳар як фард амиқу равшан фаҳмони дадиҳем. Ҳар як нафар дар ҷомеа бояд дарк намояд, ки маҳз нерӯи зеҳнии инсон ҳамчун қисмати таркибии нерӯи инсонӣ қодир аст ҷомеаро дар ба даст овардани мақсадҳои ниҳоии гузоштааш муваффақ гардонад.

Нерӯи зеҳнӣ беҳтарин сармоя барои ҳар як давлату миллат ба ҳисоб рафта, маҳз тавассути рушди он ҷомеаҳо имконият пайдо мекунанд, то дар пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии худ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Бинобар ин, эълони «Соли рушди нерӯи зеҳнӣ» дар вилоят имконияти мусоидро баҳри ҳарчи бештар тақвият бахшидани рушди илму маориф ва фарҳангу маънавиёт, ихтироъкорию навоварӣ фароҳам хоҳад овард. Аз ин рӯ, зарураст, ки чорабиниҳои ин сол фарогири тамоми аҳли ҷомеа бошанд.

Имрӯз новобаста ба сатҳи иҷтимоӣ ҳар нафар бояд дарк намояд, ки истифода ва рушди он қудрату тавонмандие, ки ӯ аз диди интеллектуалӣ дорад, барои пешрафти фаъолияташ дар ҳама ҷабҳаҳо мусоидати комил хоҳад намуд. Гузашта аз ин бояд, ҳар як нафар узви ҷомеа дарк намояд, ки дар ҳар ҷое, ки сатҳи маърифату дониш баланд аст, ҷаҳолату хурофот ва таассуб наметавонанд муваффақ бошанд.

Дар марҳилае, ки пайдоиши ақида ва равияҳои ифротӣ босуръат ҷараён дошта, воқеияти илмӣ ва таърихиро инкор мекунанд, ягона нерӯи қудратманд ба муқобили онҳо метавонад илму дониш бошад. Мутафаккири бузурги фаронсавӣ Оноре де Балзак навишта буд, ки «идеяҳоро фақат бо идея метавон нест кард». Яъне, эътироф бояд кард, ки бархӯрди муносибу самарабахши ғоявӣ ба ҳама гуна идеяҳои ифротӣ маҳз пешниҳоди матлаб ва идеяҳои мазмунан баланд ва илман дақиқу санҷида шудае мебошанд, ки тавонанд эътимоди ҷомеаро ба дурустии худ мутмаъин созанд. Беҳуда нест, ки технологҳои сиёсӣ дар равандҳои сиёсии муосир истифодаи муваффақонаи менеҷменти сиёсиро тавсия медиҳанд. Бовар кунонидан ва эътимоди ҷомеаро ба даст овардан - худ як самти илми сиёсатшиносист, ки онро бояд дуруст ташкил ва ба нафъи ҷомеа истифода бурд.

Рушди имрӯзаи ҷомеа бешубҳа беистифодаи техника ва технологияи пешрафтаю муосир номумкин аст. Набояд фаромӯш кард, ки ин ҳама натиҷаи фаъолияти фикрии инсон буда, аз он тамоми халқу миллатҳо вобаста ба имкониятҳои доштаи худ истифода мебаранд.

Ташвиқу тарғиби ҳамаҷонибаи мактабу маориф ва донишу маърифат, эътирофи неруи зеҳнӣ ҳамчун асоси тавлиди неруҳои созанда, ташкили чорабиниҳои маърифатӣ дар сатҳи маҳал, баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли илм ва зиё дар ҳама сатҳҳо, дарёфт, муаррифӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, тақвияти чораҳо баҳри баланд бардоштани иқтидорӣ зеҳнӣ ва кадрии муассисаҳои таълимӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои гуногун баҳри ҳавасмандгардонии истеъдодҳои ҷавон, тарғиби ба мактаб ва илму донишомӯзӣ фаро гирифтани духтарону занон, таъмини истифодаи дастовардҳои соҳаи илм дар истеҳсолот меҳвари чорабиниҳои «Соли рушди нерӯи зеҳнӣ»- ро ташкил дода, баргузории самараноки онҳо баҳри дарки моҳияти масъала, ҳавасмандии ҷомеа ба болоравии илму маърифат ва ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар такмили нерӯи зеҳнӣ ва ихтирооту навовариҳо мусоидати комил хоҳад намуд.

Маҳз аз ҳамин сабаб, тамоми ташкилоту муассиса ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар татбиқи ин иқдоми накӯ ва созанда фаъолу масъулиятшинос бошанд. Умед дорем, ки таҷлили сазовори ин сол, ки ба соли таърихии 25 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, баҳри муаррифии воқеии сармояи бузурги ҷомеа – нерӯи зеҳнии он мусоидати комил хоҳад намуд.

Махфират ХИДИРЗОДА,
муовини риси вилояти Хатлон,
доктори илмҳои фалсафа,
профессор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Тағйирот ба Конститутсия – таъмини кафолати дастгирии ҷавонон

Тағйирот ба Конститутсия – таъмини кафолати дастгирии ҷавонон

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Хабарҳо
2016 – Соли рушди неруи зеҳнӣ дар Хатлон

2016 – Соли рушди неруи зеҳнӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сабру таҳаммул дар таълимоти Имоми Аъзам

Сабру таҳаммул дар таълимоти Имоми Аъзам

Сиёсат, Маориф ва илм