Дар як сатр
» » Зулайхо беҳтарин бонуи соҳибкори Тоҷикистон эълон шуд

Зулайхо беҳтарин бонуи соҳибкори Тоҷикистон эълон шуд

28-08-2018, 09:07

Зулайхо Тиллоева, раҳбари хоҷагии деҳқонии «Зулайхо» аз ноҳияи Ёвон, беҳтарин бонуи соҳибкори Тоҷикистон эълон шуд. Ба ин зани кишоварз, ки барандаи озмуни соҳибкорзанҳои Тоҷикистон «Фараҳ-2018» гардид, 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза доданд.

Соли ҷорӣ барои ширкат дар озмуни «Фараҳ» беш аз 400 дархости занҳои соҳибкор ворид шуда буд, ки 60%-и онҳо сокинони вилояти Хатлон мебошанд. Аз ин миқдор дархост 94 соҳибкорзан ҳаққи ширкат дар озмунро дарёфт карданд. Аъзои ҳакамон, ки 16 нафар буданд, дар маҳалли кори ҳар як довталаб бо фаъолияти онҳо ошно шуда, аҳамияти дадастоварди шуғли ҳар як соҳибкорзанро баҳогузорӣ кардаанд. Дар ниҳоят 34 довталаб ба даври нимфиналии озмун расиданд, ки 16 нафарашон аз вилояти Хатлон буданд.

...Даҳаи 1990, баъд аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Зулайхо Тиллоева, ки мисли бисёриҳо дучори мушкилоти иқтисодӣ буд, тасмим гирифт ҳамроҳ бо бархе аз хешовандонаш хоҷагии деҳқонии хусусӣ таъсис диҳад. Он замон ин бонуи хатм-кардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва собиқ корманди комсомоли шӯравӣ, ҳатто тасаввур намекард, ки кору талошаш натиҷаҳои баланд ба бор меорад.

Зулайхо Тиллоева ҳамасола аз 150 гектар замин то 250 тонна пахта ва миқдори зиёди ҳосили сабзавотро ҷамъоварӣ мекунад. Аъзои ҳакамони озмуни «Фараҳ-2018», ки дар ду сол як маротиба баргузор мешавад, дар маросими натиҷагирӣ аз баррасии фаъолияти беш аз 400 номзад - занҳои соҳибкор ба хулосае расиданд, ки намунаи кори З. Тиллоева метавонад боиси қадрдонии вижа шавад.

Зулайхо аз ҷумлаи кишоварзони муваффақест, ки на танҳо дар сатҳи маҳал, балки вилояту ҷумҳурӣ ҳамчун бонуи соҳибкор ва пуртаҷриба ном баровардааст. «Соли 2016 дар озмуни «Фараҳ» иштирок намуда, дарк сохтам, ки соҳибкории ман ба тағйирот ва пешравии ҷиддӣ ниёз дорад. Ба омӯзиши таҷрибаи дигарон шурӯъ карда, донишҳоямро такмил додам. Махсусан табодули таҷриба бо бонувони кишоварзу соҳибкори Гурҷистон дари имкониятҳои навро ба рӯйи ман боз намуд», - мегӯяд ӯ.

Зулайхо Тиллоева чорвои зоти шведиро аз Олмон гирифта оварда, фермаи намунавиро ташкил кард. Имрӯз Зулайхоро дар ноҳияи Ёвон чун фермери номӣ ва соҳибкорзани саховатманд мешиносанд.

Масоҳати заминҳояш 155 гектар аст ва аз он 55 гектараш замини обӣ ва 100 гектараш лалмӣ, яъне чарогоҳ мебошад. Дар 35 га пахта кишт мекунад ва аз ҳар як гектар 48-52-сентнерӣ ҳосил мегирад. Соли 2015 ба пахтакорон тухмии навъи «флеши туркӣ» пешниҳод шуд. Касе аз деҳқонон ҷуръати харидорӣ кардани онро нишон надод, зеро ҳар як килои он 12 сомонӣ арзиш дошт. Зулайхо, ки хуб медонад, «қиммат бе ҳиммат нест», таваккал карда, он тухмиро хариду кишт намуд. Ҳосил мувофиқи табъи дилаш шуд. Ҳар як бехи ниҳоли пахта аз 75 то 90 дона кӯрак баста буд. Ҳосили пахтаро гирифту тухмиашро гирифта, соли оянда тухмии «флэши туркӣ»-ро ба хоҷагиҳои ҳамсоя фурӯхт, зеро ҳосили пахтаи Зулайхо деҳқонони хоҷагиҳои ҳамсояро ба ҳайрат оварда, ҳавасманд карда буд. Онҳо розӣ буданд, ки ба ҳар қимат ҳатман он тухмиро ба даст оранд.

Зулайхо дар заминҳояш 40 нафар корманди доимӣ дорад. Аммо дар мавсими ғунучини ҳосил шумораи ҳашарчиёну кироякорон то ба 150 нафар мерасад. Дар масоҳати заминҳои дигараш гандум (8 га), юнучқа (8 га), полезиҳо (4 га) кишт мекунад, ки ба қавли худаш, аввал ба дастурхони аъзои хоҷагиаш ва пасон боқимондаашро ба бозор мебарорад.

- Деҳқонони таҷрибадорро ҳатто ба сари замин даъват карда, аз онҳо машварат мепурсидам, ки барои гирифтани ҳосили хуб боз чӣ кор кунам, - ба ёд меорад ӯ. - Аз бонкҳо қарз гирифта, тракторҳо харидорӣ кардам ва сол аз сол ҳосили зироатҳо бештар шуданд. Соли гузашта аз заминҳоям тақрибан 250 тонна пахта ҷамъоварӣ кардам ва ҳамзамон миқдори зиёди гандуму ҷав ва полезӣ ба даст овардем.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон касе бароям намегӯяд, ки пахта бикорам. Пахтакорӣ як стратегияи муҳими корхонаи истеҳсолии мост ва барои рушди чорводорӣ зарур аст. Мо тухми пахтаро маҳз барои таҳияи ғизои чорво истифода мекунем.

Зулайхо Тиллоева  дар доманакӯҳи ноҳияи Ёвон, он ҷое, ки заминҳои лалмиаш ҷой гирифтаанд, фермаи чорводорӣ ташкил карда, ба ғайр аз парвариши чорвои зоти шведӣ, инчунин ҳудуди 2000 сар гӯсфанду бузро парвариш мекунад.

Дар фаъолияти соҳибкорӣ комёбиашро дар муносибат карда тавонистан ва омӯзиши таҷрибаи дигарон медонад.

 Зулайхо корро аз сифр ва дар шароите шурӯъ карда буд, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ аксар заминҳои кишт корношоям шуда буданд. Аммо бо талоши ҳамкоронаш ба дарёфти ҳосили хуб муваффақ шудааст.

Маросими супоридани ҷоизаи «Фараҳ-2018» аз соли 2012 ба ин сӯ ҳар ду сол баргузор мешавад. Санавбар Шарипова, раиси Шӯрои нозирони АМЗСТ, изҳор дошт, ки дар 8 соли ахир ин озмун тавонистааст ба ҷомеаи кишвар садҳо занони соҳибкорро муаррифӣ кунад, ки дар рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши бориз доранд.

- Ҳадафи озмун пайдо кардани занҳои муваффақ дар соҳибкорӣ мебошад ва аз соли 2012 ба ин тараф мо тавонистем таърихи муваффақияти садҳо зани соҳибкори тоҷикро таҳия кунем, ки барои рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар миёни занҳо аҳамияти бузург дорад, - афзуд Санавбар Шарифова. - Ин озмун на танҳо барои занҳо, балки барои ҳама ҷомеаи Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нест, зеро, дар ин раванд ҳама камбудиҳо дар бахши рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ошкор карда мешаванд.

Дар маросими қадрдонии муваффақтарин бонувони соҳибкор намояндаҳои мақомоти кишвар аз талошҳои Ҳукумат барои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳибкории занҳо изҳори назар карданд.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Замин азизмоҳро соҳиби хона ва зиндагии хуб гардонид

Замин азизмоҳро соҳиби хона ва зиндагии хуб гардонид

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ , АМОН МАҲКАМОВ
Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон

Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Озмуни «Бонуи соҳибкори сол»

Озмуни «Бонуи соҳибкори сол»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Занони соҳибкор дар муттаҳидӣ табодули таҷриба мекунанд

Занони соҳибкор дар муттаҳидӣ табодули таҷриба мекунанд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ