Дар як сатр
» » «Ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшида, барои фарогирии хонандагон ба таҳсил талош варзем»

«Ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшида, барои фарогирии хонандагон ба таҳсил талош варзем»

30-08-2018, 08:37

Дар толори  Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят баргузор гардид. Дар кори машварати августӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, Шермуҳаммад Ёрмаҳмадзода, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷмуҳурии Тоҷикитон, Хидирзода Махфират, муовини раиси вилоят, Д. Исоев, сардори Раёсати маориф ва илми вилоят, масъулини соҳаи маориф ва илми вилоят, муовинони соҳавии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.

 

Сараввал, Д. Исоев, сардори Раёсати маориф ва илми вилоят машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоятро оғоз намуда, ҳозиринро бо муҳтавои чорабинӣ ошно намуд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории машварати августии муаллимон ва таҷлили Рӯзи донишу дарси сулҳ дар арафаи таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои фархундаи миллии дарпешистодаи 27-умин солагарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24-солагии Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадаааст. Дар иртибот ба ин боварӣ дорам, ки чун ҳамешагӣ омӯзгорон ва масъулини соҳаи маорифи вилоят Рӯзи дониш ва дарси сулҳро бо риояи талаботу санадҳои меъёрии амалкунанда  хотирмон таҷлил менамоянд.

Раиси вилоят дар идомаи гузориши худ зикр намуд: "Давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Роҳбарияти Олии кишвар соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати иҷтимоӣ эълон дошта, нисбат ба  рушд ва пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳимми  ҷомеа, бахусус нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ, ки аз се самти асосӣ: дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд, пайваста  ғамхорӣ зоҳир менамоянд”.

Дар гузориши раиси вилоят чунин ишора гардид: "Барои ин, мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои  ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем. Дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем”. 

Ба қавли Д. Гулмаҳмадзода вобаста ба ин роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, масъулини соҳаи таълиму тарбия, падару модарон ва ҷомеаи шаҳрвандии вилоятро зарур аст, ки ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшида, барои аз мактаб дур намондани хонандагон кӯшиш намоянд.

- Ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таъмини рушди босамари соҳаи илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он тадбирҳои ҳадафмандро роҳандозӣ намуда, баҳри боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас пайвас-та таваҷҷуҳ ва мусоидат менамояд, - қайд кард Д. Гулмаҳмадзода.

 Таъкид карда шуд, ки баҳри расидан ба ин ҳадафҳо, дар доираи имкониятҳои мавҷудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, барои вусъат бахшидани амалигардонии барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дониши хонандагону донишҷӯён, ҳамзамон мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ-таълимӣ  ва техникии муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, амалигардонии имтиёзҳои муқарраршуда, дастгирию ҳавасмандсозии олимону омӯзгорони варзидаю эҷодкор ва хонандагону донишҷӯёни аълохон корҳои муайянро ба анҷом расонида истодаем, ки натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд.

Дар идома Д. Гулмаҳмадзода гуфт, ки ҳамасола, дар мадди аввал, ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ гардидани беҳтарин кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли илму зиё, муқаррар гардидани квотаҳои Президентӣ ва бурсияҳои таҳсил барои илму касбомӯзии  ҷавонони лаёқатманд,  Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, стипендияҳои номии Президентӣ, раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону сарпарастон, инчунин, дастгирии моддиву маънавии волидайн ва шахсони саховатпеша ба олимону устодони эҷодкор, омӯзгорони варзида, хонандагони аълохон ва ғолибони ҳаракатҳои олимпии сатҳи байналмилалӣ,  ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, деҳотӣ ва таълимгоҳӣ феҳрасти нопурраи тадбирҳои роҳандозишуда мебошанд.

Ҳамчунин, дар машварат иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар самти мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо корҳои муайян ба анҷом расида, танҳо дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба истифода аз ҳамаи намуди маблағгузорӣ дар 7 мактаб 60 синфхона барои 1490 ҷойи нишаст ва 1 муассисаи  томактабӣ мавриди истифода қарор гирифта, иловатан берун аз ҳисобҳои оморӣ низ миқдори муайяни биноҳо, синфхонаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ барои 1227 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон дар назар аст, ки то оғози соли нави таҳсил бо ҷалби соҳибкорон тариқи ҳашар ба истифодадиҳии 515 адад синфхонаҳои иловагӣ барои 12 ҳазор 875 ҷойи нишаст ва дар доираи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истифода дода мешаванд.

Д. Гулмаҳмадзода афзуд, ки дар вилоят шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 6 адад, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 16 адад, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 18 адад, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бошад, 1338 адад, муассисаҳои томактабӣ 141 адад, маркази инкишофи кӯдак ба 764 адад расидааст, ки дар онҳо зиёда аз 64 ҳазор донишҷӯю касбомӯз, инчунин беш аз 710 ҳазор хонандаву тарбиятгирандаро фаро гирифтааст.

Ба қавли манбаъ, новобаста аз дастовардҳои назарраси соли равон ҳанӯз ҳам дар соҳаи маорифи вилоят мушкилот ва камбудиву норасоиҳо ҷой доранд, ки ҳаллу фасли онҳо ба корбарӣ, масъулиятшиносӣ ва қобилияти ташкилотчигии роҳбарон ва кормандони масъули Раёсати маорифи вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шуъбаҳои маориф, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимӣ вобаста мебошанд.

Раиси вилоят дар идомаи гузориш иброз намуд, ки масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани омӯзгорони ҷавон пайваста зери назорат гирифта шуда, баҳри бо кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ пурра таъмин гардонидани муассисаҳои таълимии эҳтиёҷманд дар ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Темурмалик, Ҷайҳун, Шаҳритӯс, Хуросон, А. Ҷомӣ ва Ёвон чораҷӯӣ карда, амалигардонии имтиёзҳои муқарраркардашудаи омӯзгорони ҷавонро дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Ҷ. Балхӣ, Панҷ, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритӯс ва Хуросон масъулин ба таври зарурӣ роҳандозӣ намоянд.

- Бо мақсади боз ҳам зиёд гардонидани имкониятҳои фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳаҳои маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои томактабии хусусӣ, марказҳои инкишофи кӯдак, баргардонидани муассисаҳои томактабии ғайриқонунӣ фурӯхташуда, ба дигар ташкилоту муассисаҳо вобаста гардидаву аз фаъолият бозмонда, ки асосан дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Панҷ, Вахш, Ёвон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Муъминобод, Ховалинг, Ҷ. Балхӣ, А. Ҷомӣ ва Кӯшониён ҷойдошта, якҷоя бо мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳои зикргардида ҷораҷӯӣ намоянд.

Раиси вилоят ҳамчунин гуфт: "Баҳри пурра аз байн бурдани ҳолатҳои аз таълим дур мондани хонандагон ва ҷалби бештари духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Сипас, Д. Исоев, сардори Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон, дар маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи вилоят оид ба натиҷаҳои бадастовардаи соҳаи маорифи вилоят дар соли таҳсили сипаригардида ва вазифаҳо барои соли нави таҳсил маърӯза намуда, аз ҷумла чунин гуфт: " Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи маориф ба шумор меравад. Вобаста ба ин, масъулини соҳаи маорифи вилояти Хатлон вазифадоранд, ки таваҷҷуҳи бештарро ба ҷалб намудани диққати наврасон ва хонандагон барои азбар намудани донишҳои муосиру фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ равона сохта, эътибори ҷиддӣ диҳанд, ки онҳо дар рӯҳияи донишандӯзию меҳнатдӯстӣ тарбия ёбанд.

 - Фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти умумии асосӣ яке аз вазифаҳои асосии кормандони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсуб меёбад.  Тибқи гузориши мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо  ин масъала  ҳалли худро ёфта бошад ҳам, аз рейдҳои муштараки Раёсати маориф ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум мегардад, ки баъзе хонандагон бо ҳар баҳона таҳсилро сарфи назар намуда, ба корҳои беҳуда машғул мешаванд. Ҳатто дар бозору дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғуланд. Бо вуҷуди татбиқи ҳаматарафаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳанӯз ҳам падару модароне ёфт мешаванд, ки уҳдадориҳои худро пурра иҷро намекунанд, - таъкид дошт сардори Раёсати маориф.

Иттилоъ дода шуд, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳаракати олимпӣ  фаъолона  иштирок намуда, нисбати солҳои қаблӣ  натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд. Аз ҷумла, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани 183 ҷой (36 медали тилло, 58 медали нуқра ва 89 медали биринҷӣ), ки аз ин миқдор  дар олимпиадаи анъанавӣ 46 (тилло 7,  нуқра 22, биринҷӣ 17),  даставӣ 27 (тилло 8, нуқра 8, биринҷӣ 11), номӣ 10 (нуқра 4, биринҷӣ 6), байналмилалӣ, фосилавӣ ва дигар озмунҳо 76 (тилло 18, нуқра 17, биринҷӣ 41) ва наврасон 24 ҷойи ифтихориро (тилло 3, нуқра 7, биринҷӣ 14) сазовор гардидаанд, ки нисбати соли гузашта 77 медал зиёд аст.

Д. Исоев зимни суханронӣ иброз намуд, ки Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо мақсади татбиқи  сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии хонандагон ва  паст кардани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ байни ноболиғон бо роҳҳои ҷалби пурраи ноболиғон ба муассисаҳои таълимӣ,  ташкили маҳфилҳои  гуногун ва амсоли инҳо  корҳои муайянеро иҷро намудааст.

Дар кори машварат, тибқи  қарори раиси вилоят ба як қатор омӯзгорони фаъол Ҷоизаи раиси вилоят дар соҳаи маориф дар соли 2018 ва Ифтихорномаи раиси вилоят бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор супорида шуд.

Фаромӯз БОБОЕВ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем

Сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем

Ҳокимияти давлатӣ
Хонандагони 43 муассиса аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд

Хонандагони 43 муассиса аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд

Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
қариб 47%-и хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии вилоят донишҷӯ шуданд

қариб 47%-и хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии вилоят донишҷӯ шуданд

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм