Дар як сатр
» » Мактаби нав - ҳадя ба толибилмон

Мактаби нав - ҳадя ба толибилмон

28-08-2018, 09:02

Ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сар то сари вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ идома дорад. Даҳҳо иншоотҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои тиббию таълимӣ қомат афрохта ба ҳусни шаҳру ноҳия ҳусни тоза зам намуданд. Дар остонаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва соли нави таҳсил дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти "Сангтӯда”-и ноҳияи Данғара бинои таълимии наву замонавӣ барои 640 ҷойи нишаст дар як баст иборат аз 30 синфхона дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ифтитоҳи мактаби нав  раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурнии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳ-мадзода, муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев, сардори Раёсати маориф ва илми вилоят Диловаршо Исоев ва дигар намояндагони соҳаи марбута ширкат доштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки бинои куҳнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ҳанӯз соли 1965 сохта шуда, 540 нафар хонандагонро дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта буд. Хушбахтона, бинои нави хушсохту замонавии дорои толори навбунёди варзишӣ, китобхона бо нусхаҳои китобҳои таълимиву бадеӣ ва китобхонаи муосири электронӣ бо 13 адад компютер, толори фарҳангӣ барои беш аз 200 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ барои футбол, валейбол ва баскетбол имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин дар ин бинои хушсохт барои такмили лаёқати хонандагон синфхонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ,  аз ҷумла синфхонаҳои дӯзандагиву коркарди чӯбу тахта ва ошхонаи замонавӣ барои 96 нафар дар як вақт хизмат мерасонад.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни сухан-ронӣ изҳор дошт, ки  зери сиёсати оқилонаю маорифпарваронаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар гӯшаву канори ватани азизамон муассисаҳои таълимии замонавӣ бунёд ёфтанд, ки дар ифтитоҳи аксари мактабҳои тозабунёд Роҳбари давлат шахсан ширкат варзиданд. Бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳия низ дар арафаи Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар доираи татбиқи ҳадафҳои рушд аз ҳисоби буҷети давлат бо маблағи бештар аз 9 миллион сомонӣ мутобиқ ба стандартҳои  умумиҷаҳонӣ сурат гирифта, туҳфаи идона барои толибилмон мебошад.

Ҳамин тавр раиси вилоят иштирокчиёни ҷамъомад-толибилмону омӯзгоронро бо фарорасии Рӯзи дониш-оғози соли нави таҳсил  ва бунёди мактаби наву замонавӣ табрик намуда, иброз дошт, ки хонандагони муассисаи мазкур бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, баҳри рушду нумӯи ҷомеа саҳми муносиби хешро мегузоранд. Зеро Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки ҳастиву бақои миллат дар ҳар давру замон ба маориф ва низоми таълиму тарбия вобастагӣ дорад.

Сипас, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҳозиринро ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба сохтмончиён, ки дар бунёди ин муассисаи ҳозиразамони таълимӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд. Муовини Сарвазири мамлакат зимни суханронӣ таъкид дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи иҷтимоӣ бештар гардида, сол то сол маблағгузорӣ дар ин самт зиёд шудааст. Аз  ҷумла дар ноҳияи Данғара тӯли замони  соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 48 бинои нав ва биноҳои нави иловагӣ бунёд гардидааст. Ин тадбирҳо имкон фароҳам меоварад, ки толибилмон дар шароити мусоид илм омӯзанду чун шахсиятҳои баркамоли ҷомеа ба воя расанд. Хонандагону омӯзгорон аз ин дастгириҳои Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо таҳсили аъло ва интизоми намунавӣ машғул гардида, омӯзгорон бошанд, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносии ҷавонон саҳм мегузоранд.

ВАХШОНА, «Хатлон»

Аксбардор М.Сотиев



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Маориф ва илм
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзообо ...

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзообо ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хат ...

Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хат ...

Хабарҳо, Маориф ва илм