Дар як сатр
» » Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

4-03-2016, 13:02

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, давоми 8 соли гузашта, дар ҷумҳурӣ 4608 нафар омӯзгори ҷавон бо имтиёз таъмин карда шудаанд, ки аз он 2792 нафар бо замини наздиҳавлигӣ, 514 нафар бо замини полезкорӣ ва боғдорӣ ва 1302 нафар бо қарзи имтиёзок мебошанд.
Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Аз шумораи умумии омӯзгорони аз имтиёзҳо бархурдор дар вилояти Хатлон 1651 нафарро ташкил медиҳад. Ба иттилои Сироҷиддин Гурезов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, шаш моҳи охири соли гузашта 6 омӯзгори ҷавон аз бонкҳо то 5 ҳазор сомонӣ қарзи боимтиёз гирифтаанд.

Соли ҷорӣ бошад, то 1-уми феврал 16 омӯзгори ҷавон барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок дархост намудаанд. Илова бар ин, 56 омӯзгори ҷавон барои таъмини замини наздиҳавлигӣ муроҷиат кардаанд, айни ҳол тақсимоти замин оғоз шудааст. Дар ҳамин ҳол, Сайхоҷа Ширинов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг, мегӯяд, ки соли гузашта 20 омӯзгори ҷавон бидуни навбат ба замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, қарзи боимтиёз гирифтанд.

"Хатлон"


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм
Ба мавзеъҳои бехавф кӯчидани 161 оила

Ба мавзеъҳои бехавф кӯчидани 161 оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Ғамхори аҳли заҳмат

Ғамхори аҳли заҳмат

Маориф ва илм, НАҶОТ САФАРЗОДА
Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
Сарбанд. Ихтисоси қитъаҳои замин ба мутахассисони ҷавон

Сарбанд. Ихтисоси қитъаҳои замин ба мутахассисони ҷавон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА