Дар як сатр
» » Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

4-03-2016, 09:24

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вазъи корҳои таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, ки дар маҷмӯъ 89 километрро ташкил медиҳад, шинос шуд.
Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Ҳоло навсозии қисматҳои алоҳидаи ин роҳ дар мавзеъҳои мушкил идома дошта, то имрӯз 65 фоизи корҳо иҷро шудааст. Дар иҷрои умури азнавсозӣ ва таҷдиди роҳ наздик ба 250 нафар ҷалб шудааст, ки 200 нафари онҳо коргарони маҳаллӣ мебошанд.

Дар иншоот 180 адад техника ва таҷҳизоти роҳсозию сохтмонӣ истифода мешавад. Сарвазири мамлакат дастур дод, ки ба корҳои навсозӣ ва таҷдиди роҳ суръат бахшида, шумораи коргарон ва техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ низ зиёд карда шаванд.

Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода аз ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон дидан карда, бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз наздик шинос гардид. Таъкид шуд, ки дар ноҳияи Ховалинг мавзеъҳои хавфнок, ки беҳдошти корҳои соҳилмустаҳкамкуниро тақозо менамоянд, масофаи беш аз 1600 метрро дар бар мегиранд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Қ. Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки соҳили дарёи Панҷ дидан кард

Қ. Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки соҳили дарёи Панҷ дидан кард

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Машварати кории назди Сарвазир

Машварати кории назди Сарвазир

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА