Дар як сатр
» » 14 дастаи РХДО қувваозмоӣ намуданд

14 дастаи РХДО қувваозмоӣ намуданд

2-03-2016, 11:38


Бо ибтикори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз миёни шуъбаҳо ва идораҳои оташнишонии вилоят мусобиқаи варзишӣ оид ба вазнбардорӣ доир гардид.
14 дастаи РХДО қувваозмоӣ намуданд

Ба иттилои Баҳриддин Амирхонов, нозири тарғибот ва ташвиқоти Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят, 14 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуда, ҷойи аввалро варзишгарони қисми тобеи 46-уми Хадамоти оташнишонии НБО-и "Сантӯда-1", ҷойи дуюмро қисми 6-уми Хадамоти давлатии оташнишонии НОБ-и "Норак" ва ҷойи сеюмро қисми мустақили 33-юм Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии ш. Кӯлоб ишғол намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ Саидбек Аминов, муовини сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон ва Давлат Шарифов, сармутахассиси Шуъбаи хизмат ва тайёрии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, ба ғолибон ифтихорномаву таҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сӯзонидане, ки ба манфиати мардум буд

Сӯзонидане, ки ба манфиати мардум буд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Дорусозони Хатлон хайр карданд

Дорусозони Хатлон хайр карданд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Ду сӯхтор дар як рӯз

Ду сӯхтор дар як рӯз

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷаримаи 1,5 ҳазор ронандаи «такси» барои «ифлосӣ»

Ҷаримаи 1,5 ҳазор ронандаи «такси» барои «ифлосӣ»

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА