Дар як сатр
» » Қиссаи се аробакаши сарватманд

Қиссаи се аробакаши сарватманд

2-01-2015, 22:17

Қиссаи се аробакаши сарватмандШамсиддин, ки дар бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа аробакашӣ мекунад, боз ду бародари дигари аробакаш дорад. Ин себародарон тӯйи домодии худро барпо карда, соҳиби хонаю дар ва мошини сабукрави хориҷӣ шудаанд. Ҳарчанд ҳарсеи онҳо соҳиби таҳсилкардаи донишгоҳ ва соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд, аммо танҳо тавассути аробакашӣ ба чунин комёбиҳо дар зиндагиашон ноил шудаанд. «Фарқаш чӣ, ки чӣ заҳмат аст: аробакашӣ ё фаррошӣ?! Муҳимаш меҳнати шоистаю пули ҳалол ба даст оянд!», - мегӯянд себародарон. Ҳақ ба ҷониби онҳост!

Себародарони намунаи ибрати аробакашон


Як тан аз ин бародарон Шамсиддин мегӯяд: «дувоздаҳ сол мешавад, ки акаҳоям мардикорӣ мекунанд, худи ман акнун ду сол шуд, ки аробакашӣ мекунам ва дар баробари ин дар донишгоҳ таҳсил намуда истодаам. Бародари калониам Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро хатм намудааст, аммо то ҳол дар бозор мардикорӣ мекунад. Бисёре аз ҳамкорони мо бовар надоранд, ки мо бо пули мардикорӣ сохиби мошину зан ва хона шудем, аммо ин ҳама ба осонӣ ба даст наомадааст. Акаи калониам дар баробари таҳсил шабҳо танҳо худаш то 10 тонна бор мефароварду рӯзона бошад, баъд аз дарс ароба мекашид. Аз соати чори субҳ ароба мекашидем, шомгоҳон се бародар як КАМАЗ бор мефаровардем. Қариб ҳар рӯз корамон ҳамин буд. Рӯзе ҳар яки мо то 100 сомонӣ кор мекардем. Аввал бародаронам оиладор шуданд, мошин гирифтанд ва баъдан бо меҳнати ҳалол соҳиби хона ҳам шудем. Бояд инро ҳам гӯям, ки баъзан вақтҳо дар сохтмон ҳам кор мекардем. Фикр мекунам, ки ҳама шахс бо кӯшиши шабонарӯзӣ ва меҳнати ҳалол ба орзуҳояш метавонад бирасад».

Нобоварии «ҳамкасбон» ба комёбии Шамсиддину бародаронаш

Давлатбек, ҷавони аробакаш, ҳамсоли Шамсиддин аст. Вай нобоварии худро ба гуфтаҳои Шамсиддин баён месозад. Ба фикри ӯ, ҳеҷ вақт бо 20-30 сомоние, ки аз аробакашӣ дармеёбӣ, мошини навъи «Ласеттӣ» харида намешавад, дар ҳоле, ки қимати мошини «Ласеттӣ» дар мошинбозор аз ҳашт ҳазор доллар кам нест. Ба андешаи Дилшод, аробакаши дигар дар бозори шаҳри Қӯрғонтеппа, мумкин аст, ки бо пули аробакашӣ соҳиби мошини Ласетти шавӣ, ҳатто аз ин ҳам қиматашро харидори намоӣ, ба шарте ки бояд на дар Тоҷикистон, балки дар Русия ароба кашӣ. Чунки дар онҷо бордор пули арзанда медиҳад.

Аммо Сафари 22-сола, ки низ бо пули ароба рӯз мегузаронад, боварӣ дорад, ки ин се бародар маҳз бо пули ҳалоли аробакашӣ ба ин қадар мувафаққиятҳо ноил шудаанд. Чунки онҳо се нафар ҷавони ҳузарбу чолоканд. Сафар инчунин мегӯяд, ки қариб чор сол аробакашӣ кардааст, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна панҷоҳ сомонӣ ба даст меорад. «Дар ду сол се ҳазор доллари амрикоӣ ҷамъ кардам, - қисса мекунад Сафар. - Акаам, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд, бе як сӯм «ду даст дар бинӣ» баргашт. Бо ҳамин пули аробакашӣ акаамро оиладор кардем». Ба фикри Сафар, ҳама гуна шахсӣ меҳнатдӯст метавонад ба мувафаққиятҳо ноил гардад.

Нақли «шоҳид»-и комёбиҳои себародарон


Ҳаким, ки дар гузашта дар бозор аробакашӣ мекардааст, дар бораи Шамсиддин ва бародарони заҳматкашаш гуфт, ки онҳо аз ноҳияи Хуросон ҳатто дар ҳавои боронию барфӣ бо велосипед ба бозор меомаданд. Бисёр одамони боинсофу хоксоранд. Ба гуфти Ҳаким, агар дигар аробакашҳо ду халта ордро аз бозор берун то назди таксиҳо дар се сомонӣ баранд, ин бародарон ба ивази як сомонӣ ҳам ҳамон миқдор борро мебаранд. Шояд сабаби асосии муваффақияташон ҳам дар ҳамин шикастанафсии онҳост. Сабаби дигар дар он аст, ки бисёре аз савдогарон онҳоро кор мефармоянд. Қариб, ки ин се нафар бекор намемонанд. Агар воқеан чунин аст, пас, ҳалол бод, ба ин шахсони меҳнатдӯсти боинсоф!

Пайомадҳои ногувори аробакашӣ

Мӯйсефеде, ки худро Устошариф муаррифӣ кард, аз соли 1993-юм ба ин сӯ аробакашӣ мекардааст. Ба ақидаи ӯ, бо пули коркардаи аробакашӣ мошин гирифтану зандор шудану соҳиби хона будан як тараф истад, балки оиларо таъмин карда намешавад. Хамчунин ӯ мегӯяд, ки агар даҳ рейс бор кашонад, базӯр пули як кило гӯшт мешавад. «Нарху наво ин қадар қимат шудааст, ки аз куҷо оиларо таъмин карда мешавад, - шиква мекунад ӯ. - Рӯзе то сӣ сомонӣ кор мекунам, аммо ин пул барои як оилаи калон чӣ мешавад?! Барои ҳамин ҳам хӯрданиамон нону чой аст, ба дигар чизҳо зӯрамон намерасад…»

Ҷавоне тақрибан сисола мегӯяд, ки «дар оила 16 нафарем. Ду нафарамон аробакашӣ мекунем ва оиларо бо маблағи аробакашӣ таъмин карда наметавонем. Барои ҳамин, деҳқонӣ ҳам мекунем. Аробакашӣ ба саломатии инсон зарари зиёд мерасонад. Додари хурдиам аз синфи 5-умиаш аробакашӣ мекард, оқибат аз бардоштани бори вазнин бемории чурра (грижа) шуд. Ду маротиба духтурон ҷарроҳӣ кардандаш. Ҳоло дар мағоза фурӯшанда шуда кор мекунад».

Як марди тақрибан панҷоҳсолаи аробакаш мегӯяд, «аробакашӣ касб нест ва шуда ҳам наметавонад. Ба асаби инсон таъсири манфӣ мерасонад. Одамро асабонию касал мекунад. Шумо фикр кунед, дар ҳамин қадар зимистонҳои хунук, дар боронию барфӣ ароба кашидан ба одам бетаъсир мемонад? Албатта, ки не! Аммо мо маҷбурем. Касби ман дар асл муаллими фанни химия аст, аммо маоши омӯзгорӣ барои хӯрондану пӯшонидани 17 нафар намерасад».

Қиссаи боз як аробакаши сарватманд

Онҳое, ки Мансур, ҷавони 30-сола аз шаҳри Қӯрғонтепаро мешиносанд ё бо сарнавишти ӯ ошно мешаванд, базудӣ бовар нахоҳанд кард, ки вай тавонистааст бо пули аробакашӣ соҳиби манзили зисти бошукӯҳе дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа гардад. Ин манзил, ба гуфтаи Мансур, 45 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дошта, дар пайи заҳматҳои тӯлонии беш аз 10-солааш ба даст омадааст.
Қиссаи аробакашии Мансур аз замони фавти нобаҳангоми модараш шурӯъ мешавад. Ҳамсари нави падараш Мансури 18-сола ва хоҳаронашро аз хона бадар карда, ӯро дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону музтар мондааст. Вай, ба гуфтаи худаш, аз сари нанг ба қасди маркази маъмурии вилояти Хатлон тарки хонаи падараш дар ноҳияи Фархор намудааст. Дар зарфи солҳои тӯлонии дарбадарӣ ва азобу уқубати зиёд дар Қӯрғонтеппа, Мансур барои барпо кардани оила ҳам фурсат пайдо кард. Ҳоло 12 сол мешавад, ки Мансур машғули аробакашист ва мегӯяд, сарфи назар аз ин ки соҳиби хонаю дар, зану фарзанд ва маблағи кофӣ ҳаст, қасд надорад дар мактаби олӣ таҳсил кунад.

Ҳоло ба мисли Мансур даҳҳо ҷавону навраси дигарро дар гузари аробакашони бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа дидан мумкин аст, ки ҳар яке бо сарнавишти талху сангин ва ё аз ноилоҷию аз сари нангу номус мардикорӣ мекунанд. Шамсиддин, сокини ноҳияи Бохтар, ки ҳамроҳ бо ду бародари дигараш дар бозори Қӯрғонтеппа аробакашӣ мекунад, гуфт, ин аробаи назарногир ӯро соҳиби оилаи обод ва мошини навъи «Ласетти» кардааст.

Ҳамакнун агар рӯзона Шамсиддинро дар ҳоли кашидани молу колои бузургҳаҷм тавассути аробааш бубинед, шомгоҳон ӯ савори сабукрави хориҷиаш дар хиёбонҳои Қӯрғонтеппа ба чашм мерасад.

Вале дар миёни аробакашон афроде ҳам ҳастанд, ки пайсаи кормекардаашон танҳо барои рӯзгузаронӣ кифоят мекунаду халос. Ваҳҳоб, аз ҷавонони дигари машғули аробакашӣ мегӯяд, ҳанӯз ёд надорад, ки кай бори охир ба хонааш беш аз 10 кило картошка харида бурдааст. Вай афзуд, ки гоҳе бо аробааш хизмати 10 нафарро анҷом медиҳаду бо ҳақмузди заҳматаш танҳо як кило гӯшт мехарад, то фарзандони хурдсолаш ғизои гӯштӣ тановул бикунанд.

Дар миёни аробакашони бозори Қӯрғонтеппа ҳамчунин толибилмони макотиби ҳамагониро низ дидан мумкин аст, ки аз навоҳии дурдаст барои мардикорӣ омадаанд. Аммо дар миёни аробакашон Мансур, қаҳрамони якуми матлаби мо, ки бо пули аробакашӣ соҳиби манзили зист дар маркази Қӯрғонтеппа шуда, мошини сабукрав низ ба даст овардааст, ба қавле авторитет аст. Шояд сарвату дороиҳои Мансур ва себародарон барои бисёриҳо чандон назаррас набошад, аммо онҳо дар миёни аробакашони дигар «Сарватманд» унвон мешаванду намунаи ибрат. Тамоми аробакашони ҷавону наврас ба ӯ ҳавас бурда, талош мекунанд, тавассути аробакашӣ ба пояи ӯ бирасанд.

Амонҷон МАҲКАМОВ,
Носирҷон МАЪМУРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Фитри рӯзаро ба моҳифурӯш додам»

«Фитри рӯзаро ба моҳифурӯш додам»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
«Рақс»-и доллару рубл. Кӣ зарар мебинад?

«Рақс»-и доллару рубл. Кӣ зарар мебинад?

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
«Давлати пирӣ»?

«Давлати пирӣ»?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Пирдухтар...

Пирдухтар...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Зан – «шеф»-и хона!

Зан – «шеф»-и хона!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА