Дар як сатр
» » Мулоқот бо соҳибкорон

Мулоқот бо соҳибкорон

20-02-2016, 11:39

19 феврали соли равон мулоқоти соҳибкорони вилояти Хатлон бо муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид доир гардид.
Мулоқот бо соҳибкорон

Ҷамъомадро раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, доир ба ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуд. Дар ҷамъомад раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор ширкат доранд. Чуноне ки раиси вилоят ироа дошт, ҳадаф аз ин мулоқот боз ҳам густариш бахшидан ба бахши соҳибкорӣ мебошад.

Муовини аввали Сарварзири кишвар Давлаталӣ Саид дар назди ҳозирин сухан намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бо ибтикору дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ, таҳкими бахши хусусӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоиди тиҷорат, татбиқи самараноки барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкорӣ, тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

Рушди муколама ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ низ аз бунёди заминаҳои боэътимод дар ин самти муҳими ҷомеа дарак медиҳад. Дар ҷаласа қайд гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ 275 653 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 32 ҳазору 380 субъект зиёд мебошад. Аз ин шумора 87 ҳазору 244 субъект ба вилояти Хатлон рост меояд. Бо мақсади дастгирии молиявӣ субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба маблағи 11 миллиарду 216 миллион сомонӣ қарз ҷудо гардидааст.

Муовини аввали сарвазир иброздошт дошт, аз ин ҳисоб ба вилояти Хатлон 1 миллиарду 529 миллиону 762 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст. Барои боз ҳам ривоҷ додани соҳибкорӣ Муассисаи давлатии Фонди дастгирии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, соли 2015 аз ҳисоби буҷети давлатӣ 70 миллион сомонӣ ҷудо гашт. Тибқи нақша дар соли 2016-ум 120 миллион сомонӣ ҷудо мешавад.

Аз лоиҳаҳои дастгиринамудаи фонд аз оғози фаъ-олият 51 лоиҳа ба маблағи 34 миллиону 658 ҳазор сомонӣ ба вилояти Хатлон рост меояд,-ироа дошт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид. - Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Дар вилояти Хатлон айни замон 26 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 250 миллион доллари амрикоӣ аз худ карда шудааст.
Мулоқот бо соҳибкорон

Дар ҷамъомад таъкид ба миён рафт, ки воридоти сармоягузории хориҷӣ ба вилояти Хатлон дар солҳои 2010-2015-ум 429 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав як қатор имтиёзҳо ва ҳавасмандкуниҳо барои соҳибкорон муқаррар карда шудааст. Аз ҷумла дар баробари имтиёзҳои умумии андози воридоти техникаи таъ-иноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат зимни суханронӣ таъкид намуд, корхонаҳои навтаъсисе, ки бо коркарди пурраи нахи пахта ва маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошад, хоҷагиҳои парандапарварӣ, корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво тибқи маблағҳои ба фонди оинномавии онҳо ворид гардида, ба муҳлати 12 сол аз пардохти андозҳои пешбинишуда озод мебошанд. Ислоҳот ва тадбирҳои андешида барои мунтазам зиёд шудани саҳми соҳибкорон дар иқтисодиёти мамлакат заминаи боэътимод гузошт.

Муовини аввали сарвазир ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолҳои пешниҳодшуда, аз ҷониби соҳибкорон посухҳои муфассал доданд. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба муовини сарварзир, масъулини вазорату кумитаҳо барои маслиҳатҳои муфид изҳори сипос намуда, афзуд, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ сокинони вилоят, бахусус соҳибкорон талош меварзанд.

ВАХШОНА,
Н. ИСОЕВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сафаралӣ Авғонови соҳибкорро барои насупоридани андоз 3 сол аз озодӣ маҳрум ...

Сафаралӣ Авғонови соҳибкорро барои насупоридани андоз 3 сол аз озодӣ маҳрум ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Машварати кории назди Сарвазир

Машварати кории назди Сарвазир

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Д. Гулмаҳмадзода: Соҳибкорони Хатлон дар як сол 350 иншоот сохтанд

Д. Гулмаҳмадзода: Соҳибкорони Хатлон дар як сол 350 иншоот сохтанд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА