Дар як сатр
» » Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

26-02-2016, 11:18

Дар доираи фестивали ҷумҳуриявии «Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону нав-расони Тоҷикистон» барномаи ҳунарии навозандагони мактаби санъати бачагонаи шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид.
Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

Дар барномаи ҳунарӣ шогирдони мактаби санъат бо навозиши басо форами асбобҳои мусиқии миллию классикӣ ва эстрадӣ хотири ҷамъомадагонро шод гардонида, исбот намуданд, ки соҳиби ҳунари зебо мебошанд. Ҳамчунин, кӯдакону наврасон дар васфи китобу дониш ва Ватану Пешвои миллат шеъру сурудҳои пурмазмун қироат намуданд. Қудратулло Ҳикматов, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, ба маҳорати навозандагони мактаб баҳои баланд дод.

Хуршед Нозимӣ, роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги кишвар, зикр намуд, ки Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро сарвати асосии халқу миллат шуморида, дар таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. ӯ дар идома гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол ҳолати муассисаҳои фарҳангӣ беҳтар гардида, бо асбобу таҷҳизоти муосир ва китобҳои тозанашр, махсусан адабиётҳои бачагона таъмин шуда истодаанд.
Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

Дар чорабинии фарҳангӣ таҳиягари адабиёти бачагона, шоир Алӣ Бобоҷон, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Солеҳамо Қосимова, сардори Раёсати фарҳанги вилоят Бурҳониддин Раҷаб ширкат варзида, ба устодони заҳматкаши санъати мусиқӣ сипосномаҳо тақдим намуданд.

Амонҷон МАҲКАМОВ,
«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси ансамблҳои рақсӣ дар Қӯрғонтеппа

Таъсиси ансамблҳои рақсӣ дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД
Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА