Дар як сатр
» » Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

19-02-2016, 16:30


Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Имрӯз, 19 феврал, муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон вохӯрд. Ин мулоқотро, ки дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барпо гардид, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшид.

Зимни вохӯрӣ Д. Саид дар бораи вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дастгирии лоиҳаҳо, аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани қарзҳои боимтиёз барои соҳибкорон сухан гуфт
.

Зикр гардид, ки дар мавриди пешниҳоди лоиҳаҳо муайян шудааст, ки на ҳама вақт лоиҳаҳо ба талабот ҷавобгӯ мебошанд. Давлаталӣ Саид гуфт, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон мунтазам дар вохӯриҳо ва суханрониҳои худ дар бораи дастгирии соҳибкорон ва рушди соҳибкорӣ сухан меронад.

Дар кори ҷаласаи мазкур Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози кишвар, ширкат намуда, ба саволҳои ҳозирин посух доданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мулоқот бо соҳибкорон

Мулоқот бо соҳибкорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Машварати кории назди Сарвазир

Машварати кории назди Сарвазир

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Аз фаъолият боз мондани 60 корхона дар Хатлон

Аз фаъолият боз мондани 60 корхона дар Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо