Дар як сатр
» » «Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

18-02-2016, 15:51

13 феврал дар шаҳри Кӯлоб даври навбатии Фестивали ҷумҳуриявии «Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид.
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»
Дар фестивал намоиши китобҳо, хулосаи библиографӣ, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, мулоқот бо адибон ва композиторон доир гардида, озмунҳои гуногун, аз қабили «Синфи китобдӯст», «Навоҳои дилангези кӯдакона», «Ромишгарони наврас», «Хонандаи фаъол» баргузор шуданд. Ба ғолибон ҷоизаҳои фестивал - «Барои қироати беҳтарин», «Барои беҳтарин намоиши китоб», «Барои беҳтарин оҳанг», «Барои тарғиби фаъолонаи Фестивал», «Ромишгари ҷавон», «Мутриби ҷавон» супорида шуд.

Мақсади фестивал тарғиб ва оммавигардонии хониш дар байни кӯдакону наврасон, ҷалби бештари онҳо ба китобхона, ташаккули малакаҳои мутолиаи китоб, тарбия намудани ҳисси зебоипарастӣ дар замири наврасон, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва мусоидат ба дарки неруи бузурги китобу мусиқӣ дар ҳаёти насли наврас мебошад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД
Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА