Дар як сатр
» » Аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шудани сокинони Норак

Аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шудани сокинони Норак

18-02-2016, 13:56

Аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шудани сокинони Норак
Суди вилояти Хатлон 17-уми феврал ҳукми худро нисбати 13 тан аз сокинони шаҳри Норак, ки барои барафрохтани парчами гурӯҳи «Давлати исломӣ» муттаҳам мешуданд, эълон кард.

Сайфиддин Муҳиддинов, муовини раиси Суди вилояти Хатлон, зимни суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» ин хабарро тасдиқ кард.

Ба қавли ӯ, алайҳи ин 13 нафар бар асоси банди 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва ду зербанди он – даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, даъват ба фаъолиятҳои тундгароёна ва моддаи 187 – таъсиси иттиҳодияҳои ҷиноӣ – парванда боз шуда буд. Бар пояи ҳукми суд, нафарони судшаванда мутаносибан аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Аксари онҳо мардҳои оиладор буда, ҷавонтаринашон 21 сол ва бузургтаринашон 74 сол дорад.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Оғози мурофиаи судии 13 нафари гумонбар ба барафрохтани парчами «Давлати ис ...

Оғози мурофиаи судии 13 нафари гумонбар ба барафрохтани парчами «Давлати ис ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Парчамбардорони «Давлати исломӣ» муҷозот шуданд

Парчамбардорони «Давлати исломӣ» муҷозот шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Шӯрообод. 8 афғон аз озодӣ маҳрум шуданд

Шӯрообод. 8 афғон аз озодӣ маҳрум шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Тандурустӣ ва экология
Нафси бад - балои ҷон!

Нафси бад - балои ҷон!

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ