Дар як сатр
» » Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Вохӯрии депутати парламент бо мардум

17-02-2016, 11:15

Сафаралӣ Раҷабов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайъати тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, доир ба нуктаҳои асосии Паёми солонаи Сарвари давлат ва раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳои ноҳия, бо мардум вохӯрда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Вохӯрии депутати парламент бо мардум
Дар вохӯрӣ бо мардуми ноҳия, Сафаралӣ Раҷабов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуд, ки Паёми солонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, раҳнамои халқ буда, моро ба сӯи созандагию бунёдкорӣ ва ободонию шукуфоии Тоҷикистони азизамон ҳидоят менамояд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки моро мебояд бо шукргузорӣ аз соҳиб ватанию соҳиб давлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, дар касбу кори худ фаъолияти босамар намуда, зиндагии шоистаро идомадиҳем.

Ин гурӯҳи корӣ ҳамчунин мардуми сарбаланди ноҳияро ба раъйпурсии умуми халқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд.

Гуфташуд, ки тағйиротҳо ба Конститутсия пеш аз ҳама ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд. Ҳамчунин ин тағйирот барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа имкониятҳои васеъ медиҳад.

Исматулло ҲАСАНОВ,
ноҳияи А. Ҷомӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

Хабарҳо
Ҳизбҳо номзадҳояшонро ба вакилии парлумон пешбарӣ мекунанд

Ҳизбҳо номзадҳояшонро ба вакилии парлумон пешбарӣ мекунанд

Сиёсат, Хабарҳо