Дар як сатр
» » Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

11-02-2016, 17:58

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа барномаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар доираи ташаббуси «Озуҳаворӣ ба хотири оянда», ки барои беҳтару хубтар гардонидани саломатии модару кӯдак ва рафъ намудани сатҳи қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакон равона шудааст, дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон барои 12 шаҳру ноҳияи вилоят, ки фарогири 700 деҳа аст, муаррифӣ гардид.
Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Дар чорабинӣ Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Элизабет Миллард, сафири нави ИМА дар Тоҷикистон ва Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат варзида, лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда»-ро, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи оила, ҷамоат, дармонгоҳ ва кишвар равона шуда, саломатии модарон, навзодон, кӯдакон, аз ҷумла сатҳи ғизогирӣ, беҳдошт ва тозагии онҳоро беҳтар мегардонад, расман оғоз намуданд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби USAID ба муҳлати панҷ сол маблағгузорӣ мегардад, имкониятҳои кормандони тибро дар бахши ҳифзи саломатии модару кӯдак бештар карда, ба ҷамоатҳо тавассути мураббиёни ҷамъиятии соҳаи тандурустӣ ва кумитаҳои рушди деҳот дар сайқал додани донишу малака перомуни нигаҳдории маводи ғизоӣ, тақсими буҷаи оила, коркарди заминҳои наздиҳавлигӣ ва асосҳои беҳдоштии шахсӣ, ҳамчунин дар арзёбӣ ва такмили сиёсати миллӣ дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи ташаббуси ҷаҳонии Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар самти мубориза бо гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, Тоҷикистон ҷиҳати бунёди ҷаҳон бидуни қашшоқии шадид, камбудии ғизо ва гуруснагӣ ба талошҳои байналмилалӣ шомил гашт.

Лоиҳаи саломатӣ ва ғизо «Озуқаворӣ ба хотири оянда» - ташаббуси Ҳукумати ИМА баҳри рафъи гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон буда, фаъолияти он дар самти дастгирии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, бахусус бо иштироки занон, равона шудааст.

Лоиҳа бо 1000 рӯзи ҳаёти кӯдак, яъне аз рӯзи дар батни модар пайдо шудан то 2-солагии ӯ, ки ба инкишоф, омӯзиш ва фаъолияти самараноки ӯ дар оянда таъсир мерасонад, диққати ҷиддӣ дода, барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд фаъолияти худро дар 4 самт, яъне баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, гуногунии ғизо, тағйирот дар рафтор ва стратегия ба роҳ мемонад.

Ин лоиҳа аз ҷониби ташкилоти «Интраҳелз Интернешнл» (lntraHeath lnternational) бо шарикон «Абт Эссосишиэйтс» (Abt Associates) ва «Ҳайати Шафқат» (Mersy Corps) амалӣ хоҳад гашт.

Низомиддин ИСОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ба хотири ояндаи нек

Ба хотири ояндаи нек

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА