Дар як сатр
» » Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

11-02-2016, 17:26

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо сафири нави Амрико дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард доир гардид.
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Зимни мулоқот раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сафири Амрикоро барои дар ин вазифа таъин гаштанаш шодбош гуфта, аз ҳамкориҳои судманд бо сафорати ИМА ва амалишавии лоиҳаҳои қаблӣ, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

- Вилояти Хатлон аз ҷумлаи вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, шуғли қисмати зиёди сокинон кишоварзию боғу токпарварӣ мебошад, - қайд намуд раиси вилоят зимни вохӯрӣ. - Вилоят аз ҷиҳати захираҳои энергетикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб менамояд. Феълан дар вилоят қувваи корӣ зиёд буда, мутаассифона, корхонаҳои саноатӣ талаботи корҷӯёнро қаноатманд карда наметавонанд. Аз ин лиҳоз, мехоҳем бо таъсиси корхонаҳои саноатӣ ҷойҳои кориро дар оянда афзун намоем.
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард аз дидор бо раиси вилояти Хатлон изҳори хушнудӣ карда, иброз намуд, ки ин нахустин сафари ӯ берун аз шаҳри Душанбе мебошад. «Ду лоиҳае, ки имрӯз дар 12 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бо ташаббуси Ҳукумати Амрико амалӣ мегардад, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар сатҳи лозима ҷамъбаст гашта, пас аз фаъолияти лоиҳаҳои мазкур низ натиҷаҳояш боқӣ монад, то мардум ба манфиати хеш истифода карда тавонанд», - гуфт Э. Миллард. Ин лоиҳаҳо ба саломатӣ ва ғизо дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» амалӣ хоҳанд гашт.

Сафири Амрико инчунин гуфт: «ман ифтихор дорам, ки ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар сатҳи ҷумҳурию вилоят хеле мустаҳкам гардидааст. Метавон гуфт, ки ин ҳамкории Тоҷикистону Амрико ба хотири ояндаи дурахшон аст».

Бояд гуфт, ки дар рафти мулоқот раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода перомуни вазъи иқтисодӣ ва масъалаҳои амниятии кишвари ҳамсояи мо - Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, зикр намуд, ки бо кӯмаки сафорат бо истифода аз гурӯҳҳои ташаббускори занон, ки аслан занон пуштибони оромиву беҳбудии хонадонанд, омода ҳастем дар пешрафти иқтисоду амнияти ин кишвар саҳмгузор бошем.

Сафири Амрико пешниҳоди раиси вилоятро ҷонибдорӣ намуда, иброз дошт: «ин маълумоте, ки Шумо доир ба вазъи иқтисодии Афғонистон қайд намудед, хеле муҳим ва асосноканд. Бисёр масъалаҳои амниятие ҳастанд, ки решаашон аз иқтисод об мехӯрад. Аз ин рӯ, мо саъй мекунем, ки дар сулҳу суботи кишвари ҳамсарҳади Тоҷикистон, яъне Афғонистон дар якҷоягӣ кӯмак намоем».

Ҳамин тариқ, вохӯрии раиси вилоят бо сафири Амрико бо баррасии масоили дигари марбут ба густариши ҳамкориҳои судманд анҷом ёфт.

Низомиддин ИСОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ба хотири ояндаи нек

Ба хотири ояндаи нек

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳамкорӣ то соли 2020

Ҳамкорӣ то соли 2020

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Ташрифи сафирони кишварҳои хориҷӣ ба Хатлон

Ташрифи сафирони кишварҳои хориҷӣ ба Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА