Дар як сатр
» » Фарзанде, ки худро бадном, оила ва миллатро доғдор мекунад

Фарзанде, ки худро бадном, оила ва миллатро доғдор мекунад

11-02-2016, 16:45

Фарзанде, ки худро бадном, оила ва миллатро доғдор мекунад

Яке аз масъалаи мубрами рӯз он аст, чанде аз фарзандони миллат бо роҳҳои гуногун шомили гурӯҳҳое мегарданд, ки бо кумаки хоҷагону ҳаммаслакони хеш -бадхоҳони миллат манфиатҳои муғризонаи худро ҷӯё мегарданд. Онҳо шахсони лаёқатманд ва махсусан, ҷавононро интихоб менамоянд, ки онҳо қудрати кор ва диққати худро ҷалб карда метавонанд.

Чунин ашхос на аз ватан ёд мекунанду на аз модар, на аз зану фарзанд, на аз хешу табор ва на аз арвоҳою гузаштагони худ. Афсӯс, онҳо фикр мекунанд, ки бо кадом тарз набошад, амалҳои зишти нопоки худро дар ҷомеаи имрӯзаи демократию ҳуқуқбунёд пиёда созанд. Дар баробари амалҳои зишти онҳо мардуми худогоҳу худшинос низ ҳастанд, ки симои онҳоро медонанд ва ба фиребашон намеафтанд. Бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии меҳан зикр мекунем, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон мо ба муваффақиятҳои беназир ноил гардидем. Ман фақат як чизро мисол меорам, ки пеш аз ба даст овардани истиқлолият, сокинони ВМКБ аз носозии роҳ дар муддати се ва ё панҷ рӯз ба марказ, ба шаҳри Душанбе мерасиданд ва чандин азобу машаққат медиданд. Дар ранҷи дурии роҳ, қисмашон дар роҳҳо, дар дара ва қисми дигарашон дар зери тарма мемонданд, ки пайвандон онҳоро дар моҳҳои апрел - май пайдо карда дафн мекарданд. Имрӯз бошад, чор тарафи Тоҷикистон барои мо роҳ аст ва сокинони ноҳияҳои дурдаст метавонанд ба сафар баромада мушкилоти хешро ҳаллу фасл намоянд.

Дар айни замон, шоҳроҳи Кӯлоб - Хоруғ - Кулма як роҳе аст, ки на танҳо мушкилоти сокинонро бартараф менамояд, инчунин, ҷумҳуриро ба хориҷи кишвар мепайвандад. Афсӯс ки мароми созандагии халқро нотавонбинону гурӯҳҳои нохалаф халалдор месозанд. Дар ҳар як давру замон гурӯҳҳои ифротгаро вуҷуд доштанд, ба ин ё он тарз фаъолияти нопокро бо маслиҳати хоҷагони хориҷӣ ба миллати хеш раво медиданд. Ин яқин аст, ки инҳо ашхосе ҳастанд, на дониши сиёсӣ доранду на дониши динӣ.

Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмию дунявӣ ва ё фаҳмиши динӣ дошта бошад, вай ҳеҷ гоҳ вобаста ва бозичаи дасти дигарон нахоҳад шуд. Маълум аст, ки аз нигоҳи дини мубини ислом аз ҳама гуноҳи бузургтарин ин ба қатл расонидани инсон аст. Пас, чаро онҳо худро диндор пиндошта, чунин амали бераҳмонаро ба инсон раво мебинанд?

Дар ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза ҷавонон дар сафи гурӯҳҳои террористӣ зиёд шуда истодаанд. Онҳо дар тамоми кишварҳо ба доми фиреб афтода, ҳатто мақсадҳои ҳаётии худро дар ин гурӯҳҳо ғайр аз ваҳшонияту куштор, бадбинию хиёнат ва дигар ҳеҷ чиз мушоҳида карда наметавонанд. Бубинед, ки воқеаву ҳодисаҳои охири шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби гурӯҳои ифротгарою террористӣ ба амал омада, чӣ қадар талху аламовар буда, оқибати бадкирдорию хусумат, қатлу кушторҳои онҳо ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст. Ин ашхос дар сомонаҳои иҷтимоии худ ба насиҳати якдигар машғул мешаванд. Аз азобу машаққати дӯзах ва аз роҳати биҳишт ҳарф зада, дигаронро шомили гурӯҳи «Давлати исломӣ» карданӣ мешаванд. Вале аз иттилои расонаҳо бармеояд, ки ҳамарӯза теъдоди 4 ё 5 ҳазор сокинони Шому Ироқ тарки ватан намуда, роҳ ба сӯйи муҳоҷират, ба давлатҳои Аврупо мегиранд.
Намояндагони «Давлати исломӣ» ифродгароёни бедиёнат ва бераҳму шафқат буда, нақшаҳояшон на манфияти дин, мазҳабу шариат ва биҳишт дар охират, балки ба хотири сари қудрат омадан ҳосил кардани «биҳишт» дар ҳамин дунёст.

Бо дарназардошти ин Дабири кулли СММ Пан Ги Мун иброз намуд, ки гурӯҳи ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар заминаи таҷовуз ба номус ва издивоҷи маҷбурии даҳшатбор нормаҳои ахлоқи инсонро поймол мекунанд. Хусусиятҳои шаҳвонӣ маҳз аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи пайванди идеологияи экстремистӣ чун «Давлати исломӣ» ба назар мерасад ва ба як аъмоли террории гурӯҳи ифротӣ табдил ёфтааст.

Мутаассифона, солҳои охир дар фазои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ хурӯҷ кардаанд, ки бо амалҳои нопоки худ, мисли террору куштор сайёраро нигарон кардаанд.

Махсусан, ҳодисаҳои террористие, ки дар Ироқу Шом рух медиҳанд, вазъи мураккаби ҷаҳони муттамадини имрӯзаро боз ҳам вазнин намуда истодаанд. Боиси таассуф аст, ки баъзан ҷавонони мо низ ба ин гурӯҳҳо аз гумроҳӣ шомил гардидаанд, ҷони худ ва пайвандонашонро зери хатар мондаанд.

Таҳлилҳо равшан менамоянд, ки бархе аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз тарафи шахсони номаълум барои иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Ироқу Шом ширкат намуда, ҷони худ ва аҳли байти хешро дар назди миллат, зану фарзанд, ёру дӯстон сархаму шарманда мекунанд.

Биё, эй ҳамватан, андеша бикун! Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст ва боре низ фикр кун, ки ту аз аҷдоди тоҷикон ҳастӣ ва ҳувияти миллиро бедор кун ва он чароғе, ки дар дили ту хомӯш аст, онро равшан намо ва бин, кӣ будӣ ва кӣ шудӣ, дарахти пурсамари истиқлолияти миллӣ ба ту чӣ дод?!

Шокиршо ГУЛАМАДШОЕВ,
Кӯлоб


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҳдид ба инсоният

Таҳдид ба инсоният

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
«Низои дохилифардӣ» ҷавононро ба майдонҳои ҷанг мебарад

«Низои дохилифардӣ» ҷавононро ба майдонҳои ҷанг мебарад

Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ
Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш
Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо