Дар як сатр
» » Худшиносу ҳомии ватан бошем

Худшиносу ҳомии ватан бошем

10-02-2016, 16:35


Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.
Аз Паёми Пешвои миллат,
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олӣ, 20 январи соли 2016
[right][/right]
Худшиносу ҳомии ватан бошем

Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ тавъам буда, тавассути таълиму тарбияи хуб ва донишу маърифати баланд ба даст меояд. Худшиносӣ мақому манзалати инсонии худро бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст.

Ба таъбири Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Бидуни пайванду ҳамгироии тамаддуни имрӯзаи тоҷикон бо таърихи куҳанбунёди хеш ба қадри истиқлол, ифтихори Ватану ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносию худогоҳии комил расидан мушкил аст. Ҳамчунин, бе дарки огоҳонаи решаҳои таърихӣ, таҳкими истиқлолият, пойдории давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин мушкилтар хоҳад буд».

Тоҷикон дар тӯли таърих бо дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони мутамаддин ба дарёфти мақоми ифтихорангез ноил гардиданд.

Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти шоистаи инсон, орзуву армон, омили таҳкими давлату наҷоти миллат, рушду нумӯи кишвар аст. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист.

Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафтаи маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлолияти кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, кишвари азизамон пешрафтаю мутараққӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ қайд менамояд, ки то даме худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ, дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме ки хидмат ба ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем.

Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад.

Имрӯз моро мебояд, ки аз саҳифаҳои рангин ва рӯзгори равшани қаҳрамонони миллатамон, пешвоён ва сарлашкарон - Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Шерак, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тӯли таърих бо талошу ҷоннисориҳояшон барои рушди давлатдорӣ ва ҳифзи ормонҳои миллӣ корнамоиҳо нишон додаанд, ифтихорманд ва пайрави воқеии онон бошем.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Сиёсат, Хабарҳо
Ташаккули худшиносии миллӣ барои мо зарур аст

Ташаккули худшиносии миллӣ барои мо зарур аст

Маориф ва илм
Ҳувияти миллӣ дар таърихи тоҷикон масъалаи калидист

Ҳувияти миллӣ дар таърихи тоҷикон масъалаи калидист

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм