Дар як сатр
» » Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Боғу токпарварӣ рушд меёбад

11-02-2016, 16:23


Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Мардуми тоҷик аз қадим бо ободгарию накукорӣ, боғдорӣ, маданияти воло ва зебоипарастии хеш ном баровардааст. Ин нуктаро дар шоҳасарҳои классикону шоирони муоссир пайваста дучор мешавем. Аз ҳидоятҳою сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат, Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамагон огоҳӣ дорем. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ин қадар ташвишҳои роҳбарӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ, шахсан, ширкат меварзанду саҳми хешро мегузоранд. Ин ташаббуси Президенти мамлакат ҳар як шахси равшанзамирро водор месозад, ки дар ин маърака, яъне ободонию кабудизоркунӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Дар доираи корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар вилояти Хатлон низ як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳафтаи сипаригардида дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф» намоишу фурӯши ниҳолони ороишӣ, мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо баргузор гардид. Дар чорабинӣ заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ширкат варзиданд. Саҳни бозори «Ҳоҷӣ Шариф», аз маҳсули дастони кишоварзону ниҳолпарварон ва табиатдӯстон қабои рангин ба бар намуда буд. Дар ҳар қадам ниҳолони пургули атрогин ба кас ҳаловат бахшида, садҳо навъи дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ ба фурӯш бароварда шуданд.

Дар ин чорабинии хотирмон, ҳамчунин маҳсули дастони толибилмони муассисаҳои таълимӣ ба чашм мерасид. Навъҳои гуногуни гулу гиёҳҳои рангоранг бори дигар аз ватандӯстию хештаншиносии хурду бузург шаҳодат медод. Дар чорабинии мазкур раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, масъулини шаҳру ноҳияҳо, намояндагони идораҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва ҳифзи муҳити зист ширкат доштанд. Тавре ки масъулин баён доштанд, дар ин чорабинӣ 39500 ниҳоли мевадиҳанда ва 80 навъи гулҳои ороишӣ ба фурӯш бароварда шуд. Зимни суҳбат раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ниҳолпарварони шаҳру ноҳияҳо иброз дошт, ки аз навъҳои беҳтарини гулҳои ороишӣ бояд бо нархи нисбатан арзон ба шаҳри Қӯрғонтеппа ба фурӯш бароранд, то ин ки кӯчаю гулгаштҳои маркази вилоят аз накҳати атрогини гулҳо ва рангорангии ин муъҷизаҳои зебою ҷаззоб боз ҳам диданӣ гардад.
Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Роҳбари вилоят бо масъулину намояндагони ҳоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва муассисаҳо суҳбат ороста, барои пешрафти фаъолияташон маслиҳатҳои муфид дод. Ба ҳунари дастони толибилмони мактабҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, ки тавонистаанд зебоиҳои табиати афсункорро бо гулу ниҳолҳои нодиру ватанӣ наққошӣ созанд, аҳсант хонд. Воқеан, дар ҳар як қадам бо сеҳри дастони муъҷизаофари ҳам деҳқонон ва хонандагон як олами зебои афсонавӣ пешкаши умум гардонда шуд.

Зимни суханронӣ роҳбари вилоят иброз дошт, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбари давлат ва миннатдории Пешвои миллат ба деҳқонони вилоят баҳри нишондиҳандаҳои назаррас бояд беҳтару хубтар фаъолият намоем. Натиҷаи ҷамъбасти чорабинии намоиш - фурӯши гулу гулбутта ва ниҳолони ороишию мевадиҳанда ҷамъбаст гардид. Ҷойи аввал ба деҳқонони шаҳри Қӯрғонтеппа, ҷойи дуюм ва сеюм ба заҳматкашони ноҳияҳои Бохтару Ёвон насиб гардид. Дар ин замина, роҳбарони хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва шахсони алоҳидаи табиатдӯст бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ноил гардиданд.

Тавре ки аз суҳбат бо масъулини ноҳияҳои Шаҳритӯс, Панҷ, Ҷ. Румӣ, Хуросон ошно гардидем, дар ноҳияи Хуросон 200 ҳазор ниҳолони ангур ва растаниҳои ороишӣ барои фурӯш омода гардидааст. Кишоварзони ноҳияи Панҷ бошанд, 19 ҳазор ниҳол, Ҷ. Румӣ 46 ҳазор ниҳолони ороишию мевадиҳанда, ноҳияи А. Ҷомӣ 18 ҳазор ниҳолони мевадиҳандаю ороишӣ, ноҳияи Ҷиликӯл бошанд, 50 ҳазор ниҳоли фурӯшии анор, 10 ҳазор ниҳолони шафтолу, олу ва арча омода намудаанд. Умуман, аз суҳбат бо хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Қӯрғонтеппа, Бохтар, Ёвон, Вахш Қумсангир равшан гардид, деҳқонон захираи зиёди ниҳолони фурӯшӣ ва тухмиҳои гуногуни зироати кишоварзӣ, гулу гулбутаҳоро барои фурӯш омода кардаанд.

Тибқи маълумоти корманди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Раҳмоналӣ Тураев захираи ниҳолони фурӯшӣ 2 миллиону 180478 ададро ташкил медиҳад.
Сокинони маркази вилоят ва гирду атрофи шаҳри Қӯрғонтеппа бо табъи болида аз ин намоишгоҳ гулу гулбутта ва ниҳолони оришию мевадиҳандаро харидорӣ намуда, ба умеди сарсабзии як гӯшаи диёр ҷониби манзили хеш раҳсипор мегаштанд. Дар ҳақиқат, дар вилояти Хатлон талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014» пурра амалӣ гардида, боварӣ дорем, ки кишоварзони вилоят барои таъмини барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 низ тадбирҳои мушаххас андешида, баҳри дар амал тадбиқ гардидани таъмини амнияти озуқаворӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.

ВАХШОНА,
"Хатлон"



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ноҳи ...

Бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ноҳи ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Парвариши 6 навъи лолаҳои ҳолландӣ дар Қӯрғонтеппа

Парвариши 6 навъи лолаҳои ҳолландӣ дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

Матолиби чандрасонаӣ