Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт дар маркази ноҳияи Муъминобод


Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт дар маркази ноҳияи Муъминобод



4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ ва гулгашти зебои ноҳияи Муъминободро ба истифода доданд.


Майдони Парчам давлатӣ ва гулгашт дар маркази ноҳияи Муъминобод бунёд гардидааст, ки ин мавзеъ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқу мусоид аст.


Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 45 метрро ташкил дода, аз тарафи коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳасанбегӣ» бунёд гардидааст.


 Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 0,60 гектар бунёд ёфта, дар саҳн ва атрофи он 320 бех ниҳоли дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳои зебою нодир шинонида шудааст.


Бунёди майдони Парчами давлатӣ дар қатори дигар иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Муъминобод дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар баробари шукуҳу зебоӣ бахшидани симои ноҳия, инчунин дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ ва арҷгузории насли имрӯзу ояндаи мамлакат ба ин муқаддасоти миллӣ мусоидат хоҳад кард.


Саҳни майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Муъминобод бунёди гулгашти зебою назаррабо дилфиребу ҷолиб сохта, ин ҷо ба як мавзеи мусоиди истироҳатию фароғат ва сайру гашти сокинон табдил ёфтааст.


http://president.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода