Дар як сатр
» » А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

10-02-2016, 17:00


Имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак мулоқоти роҳбарияти кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, забон ва истилоҳот, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ бо сокинони шаҳр доир гардид.
А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

Дар мулқот бештар аз 500 нафар, аз ҷумла занону ҷавонони шаҳр иштирок намуданд. Роҳбарияти кумитаҳо оид ба баъзе мушкилоти сокинон суҳбати кушод анҷом дода, аз ҷумла ба ҳодисаи ба худкушӣ даст задани як тан сокини ҳамин шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир карда, доир ба мавзуъҳои пешгирии занону ҷавонон аз даст задан ба омилҳои номатлуб, ба монанди худкушӣ, ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ пайваст гардидани баъзе аз ҷавонон, никоҳи бармаҳал, вайроншавии оилаҳои ҷавон ва дигар мушкилоти ҷомеа андешаронӣ карданд.

Намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ таъкид кард, ки аз нуқтаи назари дини Ислом худкушӣ гуноҳ ҳисоб меёбад.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба баъзе мушкилоти ҷавонон изҳор намуд, ки марҳила ба марҳила тамоми шароитҳо барои ҷавонон муҳайё гардида, бобати таъмини онҳо бо ҷойи кор тадбирҳо андешида мешаванд. Масъулин ба хонаи марҳум рафта, арзи тасаллияти худро ба аҳли хонадони онҳо расониданд.

Дар назар аст ин гуна силсиламулоқот дар дигар ҷамоату маҳаллаҳои шаҳр доир шаванд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони  ...

Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони ...

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Мулоқоти Абдуллозода бо ҷавонони Кӯлоб

Мулоқоти Абдуллозода бо ҷавонони Кӯлоб

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Таблиғи арзишҳои миллӣ

Таблиғи арзишҳои миллӣ

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Мулоқот бо сарбозон ва ҷавонони фаъол

Мулоқот бо сарбозон ва ҷавонони фаъол

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният