Дар як сатр
» » Азми бунёди нимпайкараи Рустам Амакиев дар Восеъ

Азми бунёди нимпайкараи Рустам Амакиев дар Восеъ

10-02-2016, 15:34


Азми бунёди нимпайкараи Рустам Амакиев дар Восеъ
-23-юми феврали соли равон нимпайкараи роҳбари собиқи гурӯҳи «Алфа»-и КДАМ ҶТ Рустам Амакиев дар назди бинои литсейи касбӣ- техникии ноҳия гузошта мешавад. Бино ба иттилои раиси ноҳияи Восеъ Ғафурзода Мусо ҳоло корҳои тарҳрезии нимпайкара ба итмом расида, бинокорон ба қисми дуюми сохтмон шуруъ намудаанд. Нимпайкараи марҳум дар баландии 3,5 м гузошта шуда, дар атрофи он арчаҳои сабз шинонида мешаванд. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Ҳасан-Бегӣ» идома ёфта, то ин муддат 70%-и корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудаанд. Барои насб кардани нимпайкара мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 100 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.

Ҳамчунин тасмим гирифта шудааст, ки бо инъикоси қаҳрамонию шуҷоатмандии ин марди далер китоби «Корнамоии безаволи Рустам» ба нашр расад. Зимни суҳбат Холалӣ Амакиев- падари марҳум Рустам Амакиев гуфт, ки онҳо ҳамеша аз ғамхорӣ ва дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миннатдоранд, чунки хизмати Рустамро ба инобат гирифта, ба фарзандони ӯ як хонаи истиқоматӣ ва ду қитъаи наздиҳавлигӣ тақдим карданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Восеъ. Литсей номи Амакиевро гирифт

Восеъ. Литсей номи Амакиевро гирифт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Восеъ. Бо дастовези идона

Восеъ. Бо дастовези идона

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА
Восеъ. Тасмими бунёди боғи намунавӣ дар 10 га

Восеъ. Тасмими бунёди боғи намунавӣ дар 10 га

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА