Дар як сатр
» » Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

10-02-2016, 12:47

Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҳамчун санади тақдирсоз ва нақшаи мукаммали санҷидашуда ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарафманди Тоҷикистон ироа мегардад.

Тамоми мардуми меҳнатқарини кишвар ҳамасола Паёми Президентро бо эҳсоси баланди ватандӯстона, бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва рисолати фарзандӣ пазируфта, барои амалишавии он саъю талош варзида, ҳамсафу ҳамқадами сиёсати пешгирифтаи Пешво мебошанд.

Нуктае, ки барои ман ҳамчун мавзӯи муҳиму асосӣ дар Паёми навбатӣ арзёбӣ гардид ва дар Паёмҳои қаблӣ низ садо дода буд, масъалаи дар рӯҳияи баланди ватанпарварӣ ба воя расонидани фарзандон, таълими хушсифат ва тарбияи неки онҳо, талқини омӯзиши технологияи муосир ва забонҳои гуногуни хориҷӣ, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус додан, эҳтироми баланд гузоштан ба падару модар, дӯст доштани Ватан, пешгирии фарзандон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва экстремистӣ мебошад.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Ва воқеият аст, ки танҳо миллати босавод метавонад, насли донишманд ва кадрҳои арзандаро ба воя расонида, пеш равад ва дар ҷомеа мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Ҳамзамон, ба аҳли ҷомеа муроҷиат карданд, ки фарзандонро аз мактаб дур намонанд ва барои соҳибкасб шудани онҳо саъю талош варзанд. Имрӯз волидон бояд ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшида, барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё созанд. Соҳаи илму маориф чун солҳои пеш соҳаи афзалиятнок дар сиёсати давлат эътироф гардида, барои пешрафти он аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, ҷиҳати сатҳу сифати таълим ва самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тадбирҳо андешида мешавад. Бо ин мақсад танҳо дар соли 2016 барои соҳаи мазкур 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбати соли 2015 10% зиёд мебошад.

Нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ, аз ҷумла омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои русиву англисӣ дар минтақаҳои кишвар аз мушкилоти асосии соҳа махсуб меёфтанд ва бо дастури Пешвои миллат, масъулони соҳа вазифадор карда шуданд, ки то чор соли оянда масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таълимиро ҳал намоянд.

Пешвои миллат аз ҳамаи халқи Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал оварданд, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда, ба хотири таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқу давлатамон содиқонаву софдилона иҷро намоем.

Дилафрӯз МАҲМАДАЛИЕВА,
ноҳияи Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Суханронии Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар ноҳ ...

Суханронии Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар ноҳ ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Маориф ва илм
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷли ...

Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷли ...

Сиёсат, Хабарҳо
Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм