Дар як сатр
» » Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

10-02-2016, 12:39

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Ман ҳам чун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси инсондӯст, сиёсати башардӯстонадошта, дар сухан хоксору дар амал росткорро мебинам.

Зеро танҳо бо меҳнати дилсӯзонаи худ дар муҳлати начандон тӯлонӣ Тоҷикистони азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Истиқлолияти давлатӣ барои дарк ва решадор гаштани худшиносии миллӣ ва озодию ифтихори миллӣ шароити хеле фаровон ба вуҷуд овард ва дар навбати худ эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамчун омили муҳимтарини маънавӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ мусоидат намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи вохӯриҳо бо қишрҳои мухталифи ҷомеа, дар суханрониҳои худ дар Паёми ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид ва даъват ба амал меорад, ки мо азму талош дорем барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти зиёиён ва ҷавонон аст.

Ин боварӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо - сокинони ноҳияи Шӯрообод сармашқи кори худ қарор дода, тамоми кӯшишу ғайрат ва қобилияти худро баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат зикаргашта сафарбар менамоем.

Н. ҒОИБОВ,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Шӯрообод



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Маориф ва илм
Поянда бошӣ, эй Пешвои миллат

Поянда бошӣ, эй Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Пешвои  миллат - раҳнамои миллат

Пешвои миллат - раҳнамои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Пешниҳоди Пешвои миллат: «Шабакаи якум бо номи «Тоҷикистон» номгузорӣ шавад ...

Пешниҳоди Пешвои миллат: «Шабакаи якум бо номи «Тоҷикистон» номгузорӣ шавад ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Э. Раҳмон: «Синни миёнаи дарозумрӣ дар кишвар ба 73,5 сол расидааст»

Э. Раҳмон: «Синни миёнаи дарозумрӣ дар кишвар ба 73,5 сол расидааст»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА