Дар як сатр
» » Чаро ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд?

Чаро ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд?

9-02-2016, 15:37

Зане саросемавор аз таваллудхона берун омаду бо садои баланд аз ҷавоне шодиёна хост ва гуфт, ки ҳамсараш духтар ба дунё овард. Аммо бо шунидани ин хабар он ҷавон ба ҷойи хушҳолӣ якбора андуҳгин шуда, бо ғазаб чанд мушт бар сари худ зада, такрор ба такрор гуфт: «Охир духтурҳо гуфта буданд, ки писардор мешавӣ, на духтар…». Ба ҷойи шукргузорӣ аз атои Илоҳӣ, ки барояш дуюмин духтарчаи солимро ҳадя намуд, даст афшонду аз ҳавлии зоишгоҳ баромада рафт.

Чаро ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд?

Аз воқеаи болозикр бароямон аён шуд, ки дар кори духтурони ташхиси ултрасадо (УЗИ), ки таваллуд шудани писар ё духтарро пешгӯйи мекунанд, баъзан нобарорӣ низ сар мезадааст. Ҳолатҳое мешаванд, ки духтур дар ташхиси ултрасадо дар батни модар гӯё писар мебинад, аммо, баръакс, духтар ба дунё меояд. Маъмурҷон Мадмусоев, духтури ташхиси ултрасадо аз беморхонаи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ки ин ба фаҳмишу қобилият ва донишу таҷрибаи духтур вобаста аст, ки дар натиҷаи ташхис дар экрани таҷҳизоти муайянкунандаи ҷинс чиро мебинад, - писар ё духтар?

Ду духтар дорӣ? Хуб ба воя расон, Худо хоҳад биҳиштиӣ!

Мутаассифона, ҳанӯз дар ҷомеа касоне ёфт мешаванд, ки таваллуди писарро нисбат ба духтар авло медонанд. Писар доштанро як навъ ифтихор ва духтардор шуданро, баръакс ор мешуморанд. Ғофил аз он ки аз нигоҳи ислом доштани духтар ва ба воя расонидани ӯ, бас фазилате дорад, ки писар доштан он фазоилро доро намебошад.

Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Фарзандони духтарро нохуш надоред, зеро онон ҳамдамони гаронбаҳое ҳастанд». Дар ривоятҳо омадааст, ки рӯзе ба Паёмбар (с) мужда доданд, ки Худованд ба ӯ фарзанде духтар ато кард. Он гоҳ ҳазрат ба чеҳраҳои асҳобаш нигоҳ кард ва дид, ки онон нохушнуд шуданд. Фармуд: «Шуморо чӣ шудааст? Духтар гуле аст, ки онро мебӯям ва рӯзии он бар Худованди азза ва ҷалла аст».

Дар ҳадиси шарифи дигаре паёмбари ислом Муҳаммад (с) фармудаанд: «Духтарон дилсӯз, мададгор ва бобаракатанд. Ҳар кас як духтар дошта бошад, Худованд ӯро пӯшише аз дӯзах қарор медиҳад ва ҳар нафаре ду духтар дошта бошад, ба хотири онон вориди биҳишт шавад ва ҳар касе се духтар ё монанди он хоҳар дошта бошад, ҷиҳоду садақаи мустаҳабӣ аз гардани ӯ бардошта мешавад».

Имом Содиқ (р) дар ривоят мефармояд: «Писарҳо неъматанд ва духтарҳо некӣ. Фардо рӯзи қиёмат Худованд аз бандагонаш дар бораи неъматҳое, ки бар онон арзонӣ кардааст, суол мекунад, аммо бар он некиҳое, ки насибаш намудааст, подош хоҳад дод».

Кӣ таваллуд шуд, духтар ё писар? Албатта, ки «шери нар»!

Исматуллои Карим, ҷавон аз ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки ӯ соҳиби се духтарчаи нозанин аст ва онҳоро бо ҷону дил дӯст медорад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ҷавононе, ки писар доранд, аз он фахр намуда, баъзан ба духтардорон ситеза низ мекунанд. Ин афрод тавре сухан мегӯянд, ки гӯё таваллуди духтар ва ё писар аз мард вобаста аст. Ҳатто инро ба тавонмандии ҷинсии шавҳар низ рабт медиҳанд.

Аминҷони Бахтиёр, ҷавон аз шаҳри Қӯрғонтеппа, як воқеаи аҷиб нақл кард: «Чанде пеш ба ман мужда расид, ки ҳамкурсам фарзанддор шудааст. Ман даррав ба вай занг зада, ба ин муносибат ӯро табрик намудам ва пурсидам: Соҳиби писар шудӣ ё духтар? ӯ дар посух бо оҳанги ғурур ба ман гуфт: «Мо мисли ту суст нестем, дӯстам, «шери нар» ба дунё омад, «шери нар!». Ростӣ, аз посухи ҳамкурсам ҳам хурсанд шудам, ки фарзанддор шудааст ва ҳам хафа, зеро ба дили мани духтардор бо заҳрхандааш мисли тири камон зад».

Зане аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ки нахост номаш зикр шавад, бо ашки сӯзон гуфт: «13 сол мешавад, ки бо ҳамсарам зиндагии тинҷу осуда дорам. Аммо то ҳол Худованд бароямон фарзанд ато накард. Ҳама ҷо рафтам. На духтур монду на мулло, на мазору на оромгоҳи бугургон. Вале натиҷа надод. Дигар илоҷе надорем. Шабу рӯз ба даргоҳи Илоҳӣ дуо мекунем, ки ба мо низ фарзанд бидиҳад, хоҳ духтар бошад, хоҳ писар»…

- Панҷ сол қабл оиладор шудам, - нақл кард М. Амонов, ҷавон аз шаҳри Душанбе. - Духтарчаи калониам соли 2012 ба дунё омад. Падару модарам хурсанд шуданд, ки наберадор шуданд. Аммо вақте ки соли гузашта духтарчаи дуюмам ба дунё омад, волидайнам аз он чандон шод нашуданд. Падарам ба ҷойи истиқболи тифл гуфт, ки «бачам, акнун ҳаракат кун, ки сеюмаш писар шавад, мон акнун духтарро, бас, писардор шав!». Бубинед на танҳо ҷавонон балки волидайн низ ба писарбача афзалят медиҳанд.

Алиҷон Бобоҷонов, марди солманд, бо шукргузорӣ аз ҳафт духтараш мегӯяд, ки духтар ба падар меҳрубонтар аст. «Ду писар дорам, ки аз пайи зиндагониашон шуда, гоҳ-гоҳ базӯр ба аёдатам меоянд. Аммо ҳафт духтарам ҳамеша ғами маро мехӯранду аз ҳолам бохабаранд. Агар бемор шавам, пеш аз ҳама, он ҳафт духтарам гирди бистарам чарх мезананду бо меҳрубонӣ ба дардам даво меҷӯянд».

Хулоса

Албатта, таваллуди ҳам писар ва ҳам духтар ба ҳар як оила баракат меорад ва ҳарду давомдиҳандаи насли одамӣ мебошанд. Писар доштан хуб аст. Аммо духтар низ фарзанд асту неъмати Офаридгор. Муҳим он аст, ки фарзанд солим ба дунё ояду Яздони пок ботинашро зебо гардонида бошад ва волидайн ӯро тарбияи хуб диҳанд. Барҳақ гуфтаанд, ки:

Машав ғамгин, агар духтар бизодӣ,
Ки аз духтар бувад пайваста шодӣ.
Басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад,
Ба пешаш сад писар муҳтоҷ гардад.


Амонҷон МАҲКАМОВ,
«ХАТЛОН»



Шарҳи хонандагон +
Больше не стоит говорить об этом

----------
скачать сборку активаторов windows 7
4 январ 2017 05:23
Purchase Cheap Cialis Buy Generic Vibramycin Where To Buy Lasix Buy Cheap Lasix Online Buy Propecia Cheap Lasix Tablet Cialis Y Sus Efectos Can You Take Perocet With Amoxicillin Viagra Online Usa Vmax Viagra Comprar Viagra Facil Nolvadex Buy Olistat Buy Online Female Viagra Zithromax Online Propecia Orange Minoxidil Commander Cialis Moins Cher Generic Viagra Cheap Candida Pharmacy Best Buy Stendra With Free Shipping Lasix Cheap Propecia Causes Impotence Canada Meds 365 Antabuse Disulfiram Lowest Price On Nizagra Discount Plavix Online Buy Zithromax Usa Priligy Drug Store Levitra Costo On Line Cheap Kamagra Pills Propecia Generico En Espana Kamagra Generic Viagra Atomoxetine Tablets Vente Cialis Non Generique Cialis 20 Euro Nolvadex Pills Buy Lasix Online Fast Delivery Colchicine Tablet 0.6 Mg Brand Viagra Online Potenzmittel Viagra Gunstig Pros And Cons Of Amoxicillin Antabuse Online Online Viagra Online Gunstig Levaquin Versus Amoxicillin Shop Prozac Online Buy Prednisone No Rx From Canada Liquid Clomid For Sale Cheap Cialis Best Buy Generic Doryx With Free Shipping Cheap Real Propecia Propecia Online Levitra Prices 20 Gm Free Delivery Ou Acheter Viagra Cialis Levitra Cialis Cheap How Long Do Zithromax Side Effects Last
1 апрел 2017 02:04
Перезвоните мне пожалуйста 8(929) 012-64-92 Андрей
13 октябр 2018 20:10

Матолиби дигар:

Бори аввал дар се соли охир: Таваллуди сегоник дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ (аксҳо)

Бори аввал дар се соли охир: Таваллуди сегоник дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ (аксҳо)

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ
Тавлиди боз як сегоник дар Фархор (аксҳо)

Тавлиди боз як сегоник дар Фархор (аксҳо)

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Волидонро хор накунем

Волидонро хор накунем

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Духтари чорум

Духтари чорум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ