Дар як сатр
» » Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

5-02-2016, 11:06

4 феврал Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бунёди роҳ дар қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа шинос шуд. Ин қитъаи роҳи оҳан аз иншооти муҳими соҳаи нақлиёти мамлакат маҳсуб гардида, мавриди истифода қарор додани он дар соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Бо иқдоми бевосита ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016-ум сохтмон, навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як силсила иншооти муҳими таъйиноти гуногун пешбинӣ гардида, қитъаи Ваҳдат - Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа аз ҷумлаи ин иншоот мебошад. Анҷоми саривақтии сохтмони қитъаи роҳи оҳан барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ нақши муассир гузошта, корҳои боркашонию мусофиркашониро тавассути роҳи оҳан ба маротиб осон мегардонад.

Бо назардошти аҳамияти муҳим доштани ин роҳ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии давлат Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмони роҳи оҳан шурўъ аз истгоҳи Ваҳдат то ба қисмати охири роҳ дар ноҳияи Ёвон шинос шуд. Дар қитъаҳои алоҳидаи роҳи оҳан ҳоло корҳои бунёди роҳ мувофиқи нақша идома дошта, роҳсозон барои таъмини иҷрои вазифаҳои нақшавии худ аз имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Аз масофаи умумии нақбҳо то имрўз дар масофаи 3 километру 338 метр корҳои нақбканӣ анҷом ёфта, каме бештар аз 300 метр боқӣ мондааст. Азми қавии роҳсозон ҳам аз ҳамин иборат аст, ки бо истифода аз рўзҳои гарму бебориш дар кўтоҳтарин фурсат сохтмони нақбу пулҳои қитъаи роҳро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Корҳои омодасозии таҳкурсии роҳ дар ҳама қитъаҳо, аз ҷумла дар мавзеи аз ҳама мушкил ва серхароҷоти қисмати 186-ум ба анҷом расонида шуда, таҳкурсии роҳ аз сатҳи замин дар ин мавзеъ то 30 метр баланд бардошта шудааст. Зимни шиносоӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва роҳбарону масъулини ширкатҳои паймонкору роҳсоз иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вусъати корҳои роҳсозӣ, таъмини сифати баланд, истифодаи самараноки техникаю таҷҳизоти корӣ ва маблағҳои барои бунёди роҳ пешбинишударо талаб намуд.

Натиҷаҳои боздид аз қитъаи роҳи оҳан дар ситоди сайёри корӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, нақшаи корӣ ва вазифаҳои иловагӣ барои анҷоми босифати корҳои роҳсозӣ мушаххас карда шуд. Аз ҷумла, талаб карда шуд, ки нақбу пулҳои қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа ҷавобгўй ба талаботи замони муосир бунёд гардида, аз ташхиси пурраи давлатӣ гузаронида шаванд, то дар оянда самаранокии истифодаи онҳо барои солҳои тўлонӣ таъмин гардад.

Дар маҷмўъ, то имрўз дар масофаи беш аз 19 км қисмати болоии роҳи оҳан насб гардида, сохтмони нақбу пулҳо ва омодасозии мавзеъҳои сохтмони онҳо мувофиқи тақвими корӣ идома дорад. Хотиррасон бояд кард, ки қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа, ки сохтмонаш соли 2009-ум оғоз гардид, дар масофаи 43,7 км бунёд мешавад. Дар сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим асосан ташкилоту ширкатҳои ватанӣ ва мутахассисони маҳаллӣ иштирок карда, дар ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳои роҳсозӣ аз хориҷи кишвар барои татбиқи пурраи лоиҳаи сохтмони роҳ шабонарўзӣ заҳмат мекашанд.

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони корхонаи истеҳсолии «Моҳирсемент», Корхонаи истеҳсоли гачкартони Хуаксин-Ғаюр ва Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминии фтордор ва кислотаи сулфур шинос шуд. Корхонаҳои мазкур дар доираи татбиқи нақшаю барномаҳои рушди соҳибкорӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, эҳёи саноати кимиёвӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ бунёд гардида, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

АМИТ "Ховар"


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Эроди Сарвазир аз ҷараёни сусти сохтмони роҳи оҳан

Эроди Сарвазир аз ҷараёни сусти сохтмони роҳи оҳан

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА