Дар як сатр
» » Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

4-02-2016, 16:32

Дар рӯзҳои наздик Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда», ки барои беҳтару хубтар гардонидани саломатии модару кӯдак равона шудааст, дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон пиёда хоҳад гашт. Ин нуктаро ахиран дар маросими ифтитоҳи Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ директори дафтари USAID дар Тоҷикистон хонум Кетлин Макдоналд зикр кард.

Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Ба иттилои хонум Кетлин Макдоналд, лоиҳаи мазкур ба ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо шарикони барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ва дигар шарикони калидӣ татбиқ мегардад.

Бояд гуфт, ки Лоиҳа барои беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ дар оила, ҷомеа, дар сатҳи муассисаҳои тандурустӣ ва миллӣ равона шуда, саломатии модарон, навзодон, кӯдакон аз ҷумла сатҳи ғизогирӣ, беҳдошт ва тозагии онҳоро беҳтар мегардонад.

Тибқи иттилои манбаъ, вилояти Хатлон, ки аз сатҳи баландтарини қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакон дар ҷумҳурӣ мушкилӣ дорад, пас аз ба роҳ мондани лоиҳаи мазкур умед аст, ки ин мушкилӣ коҳиш меёбад.

Лоиҳа ба 1000 рӯзи ҳаёти кӯдак, яъне аз рӯзи дар батни модар пайдо шудан то 2-солагии ӯ, ки ба инкишоф, омӯзиш ва фаъолияти самараноки ӯ дар оянда таъсир мерасонад, диққати ҷиддӣ дода, барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд фаъолияти худро дар 4 самт ба роҳ мемонад: баланд бардоштани сифати хизматрасонии тандурустӣ, гуногунии ғизо, тағйирот дар рафтор ва стратегия.

Низомиддин ИСОЕВ,
"Хатлон"



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ба хотири ояндаи нек

Ба хотири ояндаи нек

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА