Дар як сатр
» » Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конститутсияро ба Конститутсияи амалкунанда баррасӣ менамояд

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конститутсияро ба Конститутсияи амалкунанда баррасӣ менамояд

4-02-2016, 09:37

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конститутсияро ба Конститутсияи амалкунанда баррасӣ менамоядИмрӯз, 4 феврал, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи конститутсионӣ аз рӯйи пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки 22 январи соли равон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъйини раъйпурсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои хулоса ба Суди конститутсионии кишвар пешниҳод гардида буд.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо риояи талаботи моддаҳои 58 ва 99 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 9 ва 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Мақсади пешниҳоди лоиҳа аз мушаххас намудани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла возеҳу равшан нишон додани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таҳкими масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон, талабот нисбат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, судяҳо, тартиби тафсири Конститутсия, мушаххас намудани салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра иборат мебошад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Сиёсат, Хабарҳо, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Сиёсат, Хабарҳо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
17 март - иҷлосияи нахустини вакилони нави парлумон

17 март - иҷлосияи нахустини вакилони нави парлумон

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА