Дар як сатр
» » Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

3-02-2016, 10:43

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ дар вилояти Хатлон, ки аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сурат гирифт, ба маблағи 17 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд.

Ба иттилои Аламхон Наимӣ, муовини аввали директори Агентии зиддикоррупсионии кишвар, ниходи мазкур зарарро аз ҷумла аз буҷети вилоятӣ 1 млн. 891 ҳазор сомонӣ, минтақаи Кӯлоб 5 млн. 553 ҳазор сомонӣ, ноҳияи А. Ҷомӣ 5 млн. 770 ҳазор сомонӣ, шаҳри Сарбанд 453,5 ҳазор сомонӣ, ноҳияҳои Қубодиён 1 млн. 162 ҳазор сомонӣ, Данғара 730 ҳазор сомонӣ, Ҳамадонӣ 582 ҳазор сомонӣ, Панҷ 380 ҳазор сомонӣ ва Ховалинг 459 ҳазор сомонӣ муайян намудааст.

- Дар соли 2015 мавриди гузаронидани тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, санҷиши фаъолияти 583 идораву ташкилоти буҷетӣ зарари молиявиро ба маблағи 42,4 млн. сомонӣ муайян намуд, ки аз ин 32,7 млн. сомонии он барқарор шуд, - гуфтааст А. Наимӣ.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манобеи Раёсати Агентии зиддикоррупсионӣ дар вилояти Хатлон, Суди шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадалӣ Давлатшоев, сокини 36-солаи ҷамоати "Заргар"-и ноҳияи Бохтарро, ки худро генерал-майори Кумитаи федеролии мубориза бо фасоди Русия муаррифӣ карда ва аз сокинони минтақа маблағҳои калон ба даст меовардааст, барои даҳ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Маҳмадалӣ Давлатшоев 10-уми сентябри соли 2015 ва тибқи шикояти 8 нафар аз сокинони вилоят аз сӯйи кормандони Агентии мубориза бо коррупсия боздошт шуда буд. Мақомоти ин ниҳод он замон гуфта буданд, ки пули ба таври қаллобӣ рӯёнидаи Маҳмадалӣ Давлатшоев аз 8 сокини вилояти Хатлон 15 ҳазор доллар амрикоиро ташкил медиҳад.

Алайҳи Маҳмадалӣ Давлатшоев тибқи моддаи марбут ба қаллобӣ, тасарруфи амволи ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайр бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварии Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Маҳмадалӣ Давлатшоев бори дувум аст, ки барои қаллобӣ боздошт мешавад. Ӯ дар гузашта низ аз сӯйи ходимони милитсияи ноҳияи Бохтар боздошт шуда буд. Он замон Маҳмадалӣ Давлатшоев худро корманди Агентии зиддикоррупсионии вилояти Хатлон муаррифӣ намуда, бо ваъдаи додани қитъаи замин, аз ниёзмандон аз 3 то 20 ҳазор доллар гирифта буд. Маблағи рӯёнидаи ӯ ҳудуди 400 ҳазор сомониро ташкил медод. Он замон пас аз ҷарима ва ҷуброн кардани пулҳои аз мардум гирифтааш ӯ афв шуда буд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Боздошти «генерал»-и мардумфиреб дар Бохтар

Боздошти «генерал»-и мардумфиреб дар Бохтар

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА