Дар як сатр
» » Ба хотири ояндаи нек

Ба хотири ояндаи нек

3-02-2016, 09:44


Дар толори меҳмонхонаи «Рамз»-и шаҳри Қӯрғонтеппа маросими ифтитоҳи Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда», ки он барои таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани ғизои кӯдакон ва занони синни репродуктивӣ дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон равона шудааст, барпо гашт.

Ба хотири ояндаи нек
Дар чорабинӣ Қурбон Ҳакимзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон, Анн Мари Ястикок, муовини ёвари директори USAID, Ҷорҷ Дейкун, директори намояндагии USAID дар Осиёи Марказӣ ва Кетлин Макдоналд, директори дафтари USAID дар Тоҷикистон, ҳамчунин масъулони соҳаи кишоварзӣ, раёсату идораҳои беҳдошти замин ва обёрии як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилотҳои иҷтимоӣ ширкат доштанд.

Ҳакимзода Қурбон, муовини аввали раиси вилояти Хатлон, нахуст ба сухан баромада, иброз дошт, ки дар вилоят ба истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷлили он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад ва натиҷаҳои марҳалаи аввали лоиҳаро нек арзёбӣ дошта, ба ояндабинии марҳилаи дуюми он баҳои муносиб дод. Ҳамзамон ба намояндагони Агентии байналмилалии Амрико барои ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуд.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби USAID дар доираи ташаббуси ҳукумати ИМА баҳри рафъи гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон ба муҳлати 3 сол маблағгузорӣ мешавад, ба хонаводаҳо ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар баланд бардоштани ҳосилнокӣ, гуногуншакл намудан ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзиашон мусоидат хоҳад кард.

Бо мақсади гуногуншакл намудани анвои озуқаворӣ ва баланд бардоштани сифати ғизо дар 12 ноҳияҳои зери ҳадаф қарордоштаи қисмати ғарбии вилояти Хатлон барнома фаъолияти худро дар панҷ самти бо озуқаворӣ алоқаманди хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла ироаи машваратҳо дар соҳаи кишоварзӣ, обчакорӣ, боғдорӣ, маҳсулоти ширӣ ва обёрӣ ба роҳ хоҳанд монд. Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ташаббусҳои донишгоҳҳо, корхонаҳои хусусӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатиеро, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои хурди фермериро бо роҳи ироаи машваратҳо дар соҳаи кишоварзӣ, таъмини дастрасӣ ба воситаҳои сифатноки истеҳсолот, хизматрасонӣ дар самти ҳамлу нақл, коркард, анборкунӣ ва маркетинги маҳсулот дастгирӣ менамоянд, ҷонибдорӣ хоҳад кард.

Фаъолияти лоиҳа инчунин маблағгузорӣ ва омӯзиши соҳибкорони хусусиро дар самти коркарди маҳсулоти ғизоӣ, ки дар такмили раванди коркард ва нигаҳдории сабзавоту меваҷот ва маҳсулоти ширӣ ҳавасманданд, пешбинӣ менамояд. Ғайр аз ин, лоиҳа ба таъминкунандагони хусусии таҷҳизоти кишоварзӣ, барои зиёд намудани теъдод ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти таҷҳизотии кишоварзӣ ва хизматрасонӣ дар вилояти Хатлон кумак мерасонад.

Фаъолияти барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» барои хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, ба хусус бо иштироки занон, равона шудааст. Барномаи мазкур ба кишоварзони шарик дар тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ ба хотири тезонидани раванди рушди иқтисодӣ ва тиҷорат, ки он дар навбати худ, ба афзудани даромад ва коҳиш ёфтани сатҳи гуруснагиву камбизоатӣ ва норасоии ғизо мусоидат менамояд, кумак мерасонад.

USAID созмони пешсафи ҳукумати ИМА мебошад, ки дар якҷоягӣ бо мардуми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо мусоидат менамояд.

Низомиддин ИСОЕВ,
«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳамкорӣ то соли 2020

Ҳамкорӣ то соли 2020

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳосили картошка як баробар афзуд

Ҳосили картошка як баробар афзуд

Арсаи кишоварзӣ, АМОН МАҲКАМОВ