Дар як сатр
» » Арзиши шикори 1 бузи пармашох – 40 000 $

Арзиши шикори 1 бузи пармашох – 40 000 $

2-02-2016, 10:05


Тайи як соли гузашта се шикорчии хориҷӣ барои сайди се адад бузи пармашохи морхӯр, ки ҳайвони нодири даштӣ маҳсуб меёбад, иҷозатнома дарёфт кардаанд. Онҳо барои шикори як чунин бузи пармашох дар мавзеи Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод 40 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт кардаанд.

Арзиши шикори 1 бузи пармашох – 40 000 $


Ин иттилоъро Шамсиддин Раҳимов, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотиаш дар посух ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Хатлон» ироа намуд. Ба гуфтаи ӯ, агар дар соли 1992 шумораи чунин бузҳои пармашохи морхӯр дар Даштиҷум ба 300 сар мерасид, тайи солҳои охир ин теъдод афзоиш ёфта, ҳоло ба 1400 сар расидааст. «Соли гузашта аз ҳисоби иҷозатнома барои шикори се адад бузи пармашох 562 ҳазору 964 сомонӣ даромад ҳосил шуд. Дар соли 2016, тибқи нақша, барои шикори танҳо 5 адад бузи пармашох иҷозат дода хоҳад шуд», - афзуд Ш. Раҳимов.

Дар идомаи ҳамоиши хабарӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки ҷиҳати ҷой доштани камбудиҳо, дағалона вайрон кардани талаботи меъёру дастурамалҳо ва қонунҳо дар самти муҳити зист 10899 санад ва 3447 протокол тартиб дода шуд, ки дар натиҷа ҷамъан 385,1 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва аз он 346 ҳазор сомонӣ ситонида шуд.

- Оид ба дағалона вайрон кардани талаботи меъёрҳои экологӣ ва таъсири манфӣ расонидан ба табиат дар 393 ҳолат ба маблағи 795,04 ҳазор сомонӣ зарар муқаррар гардида, аз он 105 ҳазор сомонӣ ситонида шуд, - иброз дошт Ш. Раҳимов. - Дар ин давра ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суди иқтисодӣ, судҳо ва прокуратура ҷиҳати чораҷӯӣ 139 мавод ба маблағи 875,8 ҳазор сомонӣ пешниҳод гардида, тавассути онҳо ҳамагӣ 59,1 ҳазор сомонӣ ситонида шуд.

М. НОСИРҶОН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шӯрообод. Ҷаримаи 25 қонуншикан

Шӯрообод. Ҷаримаи 25 қонуншикан

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона

Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кишоварзон низ суғурта мешаванд

Кишоварзон низ суғурта мешаванд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АМОН МАҲКАМОВ