Дар як сатр
» » 88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

1-02-2016, 08:19

Аз ҷониби мақомоти прокуратура дар вилояти Хатлон соли гузашта 5 ҳазору 702 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2014-ум 828 ҷиноят зиёд аст. Таҳлили ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки ошкоршавии ҷиноятҳо дар сатҳи вилоят ба 88,5% баробар аст.
88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд


Прокуратураҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин давра 895 парвандаи ҷиноятӣ ба истеҳсолот қабул гардида, пас аз тафтишот 805 адади он ба суд фиристода шудааст, - зикр кард Насрулло Маҳмудов, прокурори вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ. – Соли гузашта 147 ҷиноят аз тарафи ноболиғон содир карда шудааст.

Ба гуфтаи Н. Маҳмудов, прокурори вилояти Хатлон, дар давоми соли 2015 ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ва суди вилоят 2 ҳазору 75 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 2540 нафар барои моҳиятан баррасӣ намудан ворид гаштааст.

Дар ин нишаст иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта 272 ҷинояти хусусияти террористию экстремистидошта ошкор ва оид ба ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. Ҳамчунин 246 нафар аз вилояти Хатлон феълан дар кишвари Сурия будааст.

Соли 2015 аз ҷониби шаҳрвандон ба прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо 5 ҳазору 390 адад муроҷиат ворид гаштааст, ки нисбат ба соли гузашта 26% зиёд мебошад.

Комрони БАХТИЁР


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нигаронии мақомот аз афзоиши ҳаводиси худкушӣ дар Хатлон

Нигаронии мақомот аз афзоиши ҳаводиси худкушӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Прокуратура: Ҷинояткории ноболиғон афзудааст

Прокуратура: Ҷинояткории ноболиғон афзудааст

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА