Дар як сатр
» » Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

28-01-2016, 12:26

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. ХусравҲаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Носири Хусрав соли 2015 беш аз 230 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба як соли пеш қариб ду миллион сомонӣ бештар аст.

Ба иттилои Рамазон Оймаҳмадзода, раиси ноҳия, дар давраи кишти тирамоҳии соли 2014 ва баҳори соли 2015 дар майдони 5778 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуд.

- Кишоварзони ноҳия ҳосилнокии қалладонаро аз ҳар гектар ба 41,2 сентнер расонданд, - гуфт Р. Оймаҳмадзода. – Истеҳсоли аксар намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз он ҷумла гандум (150 %), лӯбиёгиҳо (109 %), сабзӣ (147 %) ва анвои сабзавоту полезиҳо афзоиш ёфт.

Соли 2015 аз тарафи ширкати “Ҷунтай Хатлон Син - Силу” дар майдони 380 гектар замини бекорхобидаи Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳия пахта кишт гардид. Инчунин 10,1 тонна пилла истеҳсол шуд, ки аз дурнамо зиёд аст.

Рушди соҳаи боғу токпарварӣ батадриҷ таъмин гашта, соли 2015 117 гектар боғи нав бунёд ва 17,54 гектар боғу токзорҳои куҳна барқарор шуд.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тасмими бунёди 5719 га боғ дар Хатлон дар 5 соли оянда

Тасмими бунёди 5719 га боғ дар Хатлон дар 5 соли оянда

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қумсангир. Нишасти матбуотӣ дар саҳро (аксҳо)

Қумсангир. Нишасти матбуотӣ дар саҳро (аксҳо)

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боғҳо зиёд мешаванд, аммо...

Боғҳо зиёд мешаванд, аммо...

Хабарҳо