Дар як сатр
» » Қӯрғонтеппа. Бунёди 17 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

Қӯрғонтеппа. Бунёди 17 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

28-01-2016, 11:38

Музди миёнаи кор дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2015 ба қадри 48,6 сомонӣ афзуда, ба 931 сомонию 40 дирам расидааст.

Қӯрғонтеппа. Бунёди 17 иншооти ҷашнӣ дар назар астРаиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло зимни ироаи ин хабар дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, як сол қабл андозаи миёнаи музди кори меҳнаткашони шаҳр аз 900 сомонӣ камтар ҳисоб шуда буд. Ба қавли ӯ, дар идораю муассисаҳои шаҳрӣ қарзи музди меҳнат мавҷуд нест, аммо КФБ «Қӯрғонтеппагаз» ба андозаи 183,3 ҳазор сомонӣ ва Идораи хӯроквории вилоят 9,4 ҳазор сомонӣ музди меҳнати кормандонро пардохт накардаанд. «1205 сокини шаҳр аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, тайи як соли гузашта 475 нафари онҳо бо кори доимӣ таъмин гаштанд. Дар маҷмӯъ, дар шаҳр 3621 ҷойи нави кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудааст», - иттилоъ дод А. Асадулло.


Қӯрғонтеппа, январи соли 2015 (навор аз бойгонӣ)


Шаҳрдори Қӯрғонтеппа инчунин перомуни дастури Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси шаҳракҳои саноатӣ гуфт, ки дар Қӯрғонтеппа низ бунёди минтақаи саноатӣ дар назар аст ва бо ин мақсад бояд 7 гектар замин ихтисос дода шавад. «Дар шароити имрӯза бе мавҷудияти саноати пешрафта таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум, ҳалли масоили иҷтимоӣ аз имкон берун аст», - афзуд А. Асадулло. Ба қавли ӯ, дар соли гузашта ба қадри 128 миллиону 550,9 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва корҳои хизматрасонӣ анҷом дода шуд, ки дар қиёс бо соли 2014-ум 14 миллиону 145,7 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Соли 2015-ро дар Қӯрғонтеппа соли сохтмонҳо номидан мумкин аст. Танҳо аз ҷониби идораи сохтмони асосии шаҳр дар ин давра ба маблағи 12,7 миллион сомонӣ умури сохтмонию ободонӣ сурат гирифтааст. Айни замон бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1240 хонанда, Кохи фарҳангӣ ва хонаи адибон идома дорад, ки дар рафти сохтмони ин муассисаҳо ҷамъан 7 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Ҷамъи маблағгузориҳои асосӣ дар миқёси шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳисоби ҳамаи сармоягузорон беш аз 79 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ба 152%-и дурнамои соли 2015 баробар аст. Феълан дар доираи нақшаи генералии шаҳр сохтмони 47 иншоот, аз он ҷумла 32 бинои маскунии аз 4 то 15-ошёна, мактаб барои 1240 ҷойи нишаст, Хонаи адибон ва Кохи фарҳангӣ барои 800 ҷой, Маркази ҷавонон, Маркази саломатӣ, Маркази тиҷоратӣ, бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ барои 800 ҷойи нишаст, телевизион ва радиои мустақили Қӯрғонтеппа, бонкҳои «Спитамел-капитал» ва «Тоҷпромбонк», бинои Сарраёсати омори вилоят, ду бинои иловагии ДДҚ ба номи Носири Хусрав, толори варзишӣ ва синфхонаҳои таълимии коллеҷи тиббӣ ва ғайра идома дорад. Ба ифтихори 25-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имсол бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани 17 иншоот дар назар аст.

Қӯрғонтеппа. Бунёди 17 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

- Дар соли 2015 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба масофаи 8,9 км, аз рӯйи лоиҳаи инвеститсионӣ (Чин) ба масофаи 6,8 км ва бо ибтикори сокинону соҳибкорони шаҳр 1,1 км, ҷамъан 16,8 км роҳҳо аз нав мумфарш карда шуд, - зикр кард Амирулло Асадулло. – Мо ният дорем, ки то охири соли 2017 тамоми роҳҳои дохилии шаҳр, ҳатто маҳаллаҳоро пурра асфалтпӯш намоем.

Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дар посух ба суоли хабарнигорон оид ба вазъи боғҳои фарогатӣ барои кӯдакону наврасон гуфт, ки боғи истироҳатии бачагонаи ба номи «Фирдавс» дар ҳолати ногувор ва ғайриқаноатбахш қарор дорад, аммо азбаски он хусусист, бояд соҳибмулкаш дар андешаи ободонии он бошад. «Дар сурати тасдиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Қӯрғонтеппа барои солҳои 2016-2020» аз ҷониби Ҳукумати кишвар, бунёди як боғи нави замонавии тафреҳиро дар масоҳати 12 гектар дар назар дорем. Ба ҷуз ин, мо омодаем, ки ташаббуси соҳибкронро барои кушодани марказҳои дилхушии кӯдакона дар ҳудуди шаҳр дастгирӣ намоем», - гуфт А. Асадулло ва афзуд, ки бо иқдоми шаҳрдорӣ моҳи январ 50 муҳассили таълимгоҳҳои шаҳр ба тамошои сирки давлатӣ ба Душанбе ва 18 нафари дигар ба истироҳати 5-рӯза дар тафреҳгоҳи зимистонаи «Сафед-дара» фиристода шуданд.

М. Носирҷон,
«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Барномаи нави рушд  - дар амал

Барномаи нави рушд - дар амал

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа

Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Раҳмонзода нишасти матбуотӣ орост

Раҳмонзода нишасти матбуотӣ орост

Хабарҳо
Амирулло Асадулло: “Мо такя ба мардум дорем”

Амирулло Асадулло: “Мо такя ба мардум дорем”

Иқтисоду тиҷорат, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ