Дар як сатр
» » «Боз чӣ гап?», аввал андеша - баъд гуфтор!

«Боз чӣ гап?», аввал андеша - баъд гуфтор!

26-01-2016, 11:44

Дар барномаи «Боз чӣ гап?»-и телевизиони Осиёи Миёна (САTV) оид ба вазъи имрӯзаи ҷумҳуриамон барномаҳое иғвоангезе пахш мешаванд, ки гӯё дар Тоҷикистон дини ислом мамнӯъ шудаасту дари масҷидҳоро барои наврасон бастаанд ва бачаҳо дигар наметавонанд роҳ ба сӯйи ибодат пеш гиранд.
«Боз чӣ гап?», аввал андеша - баъд гуфтор!

Банда чунин суханҳои по дар ҳавои носанҷидаи ровиёни ин барномаро дида, натавонистам муҳр ба лаб зада хомӯш нишинам. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин суханҳо танҳо барои иғво андохтану халалдор кардани ваҳдати мо мардуми тоҷик аст. Мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масчиду 6 мадраса, як гимназияву як Донишкадаи исломӣ фаъолият намуда? ҷавонони моро илму тадриси динӣ медиҳанд.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба китоби «Қуръон» бо забони тоҷикӣ тарҷума шуда, бо теъдоди зиёд рӯqи чоп омад. Дар шаҳри Душанбе сохтмони масчиди калонтарин дар ҳудуди Осиёи Миёна идома дорад.

Ёдовар намудан ба маврид аст, ки замоне дар Тоҷикистон ягон маркази таълими динӣ вуҷуд надошт ва ҳамасола танҳо ду нафар мадрасаи Бухороро хатм мекард. Теъдоди ҳоҷиён ва масҷидҳо дар кишвар ангуштшумор буд, аммо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтироми волидайн ва калонсолон, таҳаммулгароӣ, тарбияи фарзанд дар рӯҳияи илмомӯзӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дигар амалҳои ҳамидаи инсонии мардум буд, ки ватани азизамон бозҳам зеботар гашт.

Ҳамин аст, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар соли 2010 шаҳри Душанберо пойтахти фарҳанги исломӣ эълон намуда қайд дошта буданд, ки «Мо ба дини бобову падаронамон чун ба як сарчашмаи покизаи рӯҳонӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорем. Воқеан, гузаштагони бузурги мо – даҳҳо шахсиятҳои муътабар – дар густаришу ривоҷи дини мубини ислом саҳми бузург гирифтаанд. Ин пешвоёни шариату тариқати ислом дар адои рисолати он, парвариши ақлу босират, ахлоқу одоби нек ва хислатҳои наҷиби инсонӣ хизматҳои бебаҳо кардаанд. Ба ибораи дигар, ислом рукни муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо мебошад. Ҳама хуб медонем, ки шеъру сухани оламгир ва девону дафтари ибратомӯзи олимону шоирони гузаштаамон дар омeзиш бо дини ислом ва суннатҳои волои он густариш ёфтаанд».

Мо ҳама огоҳ аз онем, ки дар дини мубини ислом маҷбурият ва машаққат нест. Касе, наметавонад дигареро маҷбуран ба ин ё он дин даъват намояд. Дар Қуръони карим ояти 256 – и сураи «Бақара» омадааст: «Барои дин ҷабр кардан раво нест. Ба дурустӣ, ки раҳёбӣ аз гумроҳӣ ошкор шудааст».

Роҳбари барномаи «Боз чӣ кап?» аз кӯчактарин чиз душворӣ-проблема сохта, дар байни халқу миллат низо барангехта истодааст. Масалан, фавти ду нафар кӯдакро, ки дар Россия ба вуҷуд омадааст, гӯё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷмикистон ҳуқуқи кӯдакро поймол карда бошад, гаштаю баргашта ҳукуматдорони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқид қарор дода, суханҳои сахту носазое мегӯяд. Оё онҳо фикр намекунанд, ки имрӯзҳо дар натиҷаи ҷанг ва воқеаҳои мудҳиши ҷаҳон садҳо ва ҳазорҳо кӯдакон мефавтанд, чаро дар бораи онҳо гап намезананду танҳо дар бораи ду кӯдаки тоҷик, ки дар Россия фавтидааст, бо сӯзу гудоз ҳарф мезананд? Магар хонандагони мактаби Покистон, ки аз ҷониби террористон кушта шуданд, онҳо кӯдак набуданд, онҳо падару модар ва давлат надоштанд, барои онҳо ҳуқуқи кӯдак набуд?

Имрӯз барномаи «Боз чӣ гап?» аз рӯи фавти ду кӯдак, ки бо ҳукми тақдир аз дунё гузаштаанд, ин қадар рӯҳи онҳоро ноором намуда, ба дарду доғи падару модари онҳо намак пошида истодааст! Намегузоред, ки рӯҳи онҳо ором хоб кунад? Ба пай дар пай гуфтани шумо, дили падару модари онҳо таскин меёбад?

Масъалаи дигаре, ки барномаи мазкур пахш менамояд, ки боиси нигаронии аҳли илму адаб ва сиёсатмадорон гаштааст, ин оиди фаъолияти кори намояндагони ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Ба гуфти наҳзатиҳо ва роҳбари барномаи «Боз чӣ гап?» кормандони ҳифзи ҳуқуқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр шахсони бегуноҳро ба маҳкама кашидаанд. Бисёри одамонро аз он ҷумла падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ ва хешу табори онро барои пурсупос даъват карда будаанд. Онҳо бехабар аз онанд, ки имрӯз мо дар зери ҳимояи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона ҳаёт ба сар бурда истодаем. Пушту паноҳи миллату давлат кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Баҳри амнияти миллӣ ва барои равшанӣ андохтан ба воқеаҳои сиёсии ҷумҳурӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ маҷбуранд, ки бозпурсӣ намоянд ва дар баровардани ҳукм ба хатогӣ роҳ надиҳанд. Мегӯянд, ки гунаҳгор нестанд, пас дар воқеаҳои 4-уми сентябри соли 2015 ин қадар аз ду ҷониб фарзандони баруманди миллат қурбон шуданд, ки гунаҳгор аст?

Кормандони телевизиони Осиёи Марказӣ бештар дар бораи ҲНИТ ҳарф мезананд, ҳол он ки дар Тоҷикистон чунин ҳизб вуҷуд надорад, ӯ ҳамчун ҳизби террорист бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст. Аммо то ҳол ҷавонони хориҷи кишвари мо оиди ин ҳизб суханрониҳо намуда, ватан ва миллатро паст мезананд. Айб аст бародарон аз Худо дидан лозим аст, на аз банда.

Агар он қадар ватандӯсти асил мебудед, омада ба Ватан хизмат менамудед, номи Ватану миллатро бо некӣ ба забон мегирифтед. Аз дур истода ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва соҳибистиқлол теша назанед. Имрӯз беш аз пеш зиндагии мардум хубтару беҳтар шуда истодааст. Аз миллат ва Ватан ношукрӣ карданатон хатост.

Э. ҲОШИМ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҳдид ба инсоният

Таҳдид ба инсоният

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Каҷ шину рост бигӯ!

Каҷ шину рост бигӯ!

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Шӯрои уламо: Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад

Шӯрои уламо: Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА