Дар як сатр
» » Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

2-01-2015, 21:03

Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шудРафти иҷрои қарори Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2014-2015», бастани созишномаҳо, шартномаҳои колективӣ ва меҳнатӣ дар идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият дар вилояти Хатлон дар ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон, зимни суханронӣ дар ин нишаст зикр кард, ки давоми соли 2014 ба раёсати вилоятӣ, шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 32451 нафари бекор муроҷиат намудааст, ки аз ин шумора 23800 нафарашон ба қайд гирифта шуда, ба 18746 нафар мақоми бекорӣ дода шуд.

Ба иттилои Аслбӣ Дембегиева, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят, дар ин давра 14645 нафар бекорон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки 113,4 фоизи иҷроиши нақшаи солонаи барномавиро ташкил медиҳад.

- Дар давоми соли равон 284 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардидаанд, ки дар рафти баргузории онҳо 2801 корхонаю ташкилотҳо ва муассисаю хоҷагиҳои гуногуни вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, аз ин ҳисоб 2790 нафар ба кор роҳхат гирифта, 2228 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ, 803 нафарашон ба касбомӯзӣ ва 115 нафарашон ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардиданд. Умуман дар ин давра бо баргузории чунин чорабинии мазкур 3146 нафар шаҳрвандони бекор ба шуғл фаро гирифта шуданд, - афзуд А. Дембегиева.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2014 аз ҷониби раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 3496 нафар бекорони дар дарқайдистода ба маблағи умумии 1 милиону 349 ҳазору 339 сомонӣ кӯмакпулӣ ироа гардидааст. Ҳамзамон ба 992 нафар бекорон қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 3,5 млн. сомонӣ дода шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Данғара. 378 корҷӯ бо кор таъмин шуданд

Данғара. 378 корҷӯ бо кор таъмин шуданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!

Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ифшои 116 қонуншиканӣ дар самти шуғли ғайрирасмӣ

Ифшои 116 қонуншиканӣ дар самти шуғли ғайрирасмӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳ

Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
25700 сомонӣ кӯмакпулӣ ба маҳбусони афвшуда

25700 сомонӣ кӯмакпулӣ ба маҳбусони афвшуда

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА