Дар як сатр
» » Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

20-01-2016, 11:19

Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ҷаласаи Кумитаи тадорукоти вилоятӣ оид ба омодагӣ ба баргузории Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи минтақавии молу маҳсулоти «Хатлон-2016» баргузор гардид.

Гузориши муовини раиси Кумитаи тадорукоти вилоятӣ, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Давлатхӯҷа Мирзоев оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба баргузории Форуми «Хатлон-2016» шунида шуд.

Дар ҷаласа Ш. Маҳмадаминов, роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», таклиф кард, ки бо мақсади ҷалби сармоя, дарёфти бозори фурӯши молу маҳсулот барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ 10 нафар сармоягузорони хориҷӣ бо воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.

Зафар Файзуллоев, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят, пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Кӯлоб ситоди доимоамалкунанда бояд фаъолият намояд, то ин ки намояндагони вилоят дар якҷоягӣ бо онҳо масъалаҳои соҳаҳои дахлдорро вобаста ба баргузории форум ҳаллу фасл кунанд.

Муовини раиси вилоят Р. Раҷабов дар назди масъулини соҳаҳои дахлдор вазифа гузошт, ки корҳои омадагиро ҷиҳати баргузории форум ва намоишгоҳи молу маҳсулоти «Хатлон-2016» тезонида, рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлонро аз 20 ноябри соли 2015, №286 «Дар бораи омодагӣ ва баргузории Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи минтақавии молу маҳсулоти «Хатлон-2016»» таҳти назорат қарор дода, иҷрои онро сари вақт таъмин намоянд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Баргузории намоиши таълимӣ-туристӣ дар маркази вилояти Хатлон

Баргузории намоиши таълимӣ-туристӣ дар маркази вилояти Хатлон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм
Ҷаласаи корӣ бо роҳбарони дастгоҳҳо

Ҷаласаи корӣ бо роҳбарони дастгоҳҳо

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон

Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Омодагӣ ба таҷлили 24-солагии истиқлолият

Омодагӣ ба таҷлили 24-солагии истиқлолият

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА